«Ватанамро ҳимоя мекунам!» — озмуни расми беҳтарин миёни кӯдакон

Февраль 16, 2017 17:28

ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Шоҳмансур барои  баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси худшиносӣ, дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли ҷавонон ва солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ватанамро ҳимоя мекунам!» дар кӯдакистони №27-и ноҳияи Шоҳмансур озмуни расми беҳтарин доир намуд.

Тавре аз КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, дар озмун 30 нафар кӯдакони аз 4 то 6- сола  аз ҳамаи гурӯҳҳо фаъолона иштирок намуданд. Ба расмҳои кӯдакон, ки асосан мавзӯи муҳофизати Ватанро дарбар мегирифтанд, ҳайати комиссия баҳои баланд дод.

Февраль 16, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид