Вазъи ҷаҳони имрӯз бе ҷавонон тасаввурнопазир аст

Февраль 17, 2017 15:02

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази иттилооти ҳуқуқӣ ва Ташкилоти ибтидоии «Китобдор»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шуъбаи Маркази иттилооти ҳуқуқии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи ҷаҳони имрӯз ва ҷавонон» ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода зикр намуд, ки яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ин Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мебошад. Ба гуфтаи Назарзода, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушди кишвари хеш пайваста талош намоянд.
«Вазъи ҷаҳони имрӯз бе ҷавонон тасаввурнопазир аст. Ҷавонон ояндаи миллату давлатанд, ҳар коре ки мову шумо мекунем, ҳар чизе ки мо дар Тоҷикистон бунёд мекунем, онҳоро ҳатман барои меросбарӣ ба ҷавонон мегузорем. Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сиёсати ҷавонон аҳамияти бузург медиҳанд ва ин амал албатта, самараҳои нек ҳам ба бор оварда истодааст»,- афзуд ӯ.
Дар ҳамоиш муовини Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ дар мавзӯи «Таблиғоти ифротгароӣ дар байни ҷавонон дар фазои иттилоотӣ» ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи «Дарки хатари воқеии ҳаракатҳои иртиҷоӣ барои ҷавонон» маърӯза карданд.

Февраль 17, 2017 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид