Вазорати корҳои дохилӣ: шаҳрвандон уҳдадоранд, ки симкортҳои худро аз сари нав ба қайд гузоранд

Февраль 17, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, то симкортҳои худро аз сари нав ба қайд гузоранд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Тавре дар сомонаи ин ниҳод омадааст: «Аз тамоми истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) хоҳиш карда мешавад, ки дар муҳлати муқарраргардида шиносномаҳои худро бо нишон додани рақамҳои телефонҳои мобилӣ барои аз сари нав ба қайд гирифтани симкортҳо ба ширкатҳои марбута пешниҳод намоянд».
Бояд гуфт, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» мутобиқ ба талаботи замони муосир роҳандозӣ гардида, дар таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ба танзим даровардани хизматрасониҳо мусоидат менамояд.

Февраль 17, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд