Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ бахшида ба Соли ҷавонон

Февраль 16, 2017 14:44, 73 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

коллечи Кургонтеппа

ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, мутахассисон оид ба корҳои ташвиқотию тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамчунин намояндагони рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» бо донишҷӯён ҳамсуҳбат шуданд.
Зимни мулоқот иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди босуботи кишвар», «Ҷавонон ва малакаҳои хушахлоқии онҳо» ва «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва экстремистӣ» сухан гуфтанд.

Февраль 16, 2017 14:44, 73 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш