Вохӯрии намояндагони Маркази миллии тестӣ бо хатмкунандагони шаҳри Норак

Февраль 4, 2017 10:35

Маркази тестиДУШАНБЕ, 04.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва падару модарон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Намояндагони Маркази миллии тестӣ доир ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ихтисосҳо, зарурати истифодаи сомонаи марказ ва кабинети инфиродии довталаб, озмуни тақсимоти довталабон маълумот дода, хонандагон ва падару модарон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Февраль 4, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд