Яке аз форумҳои ҷаҳонии об дар Душанбе баргузор гардад- пешниҳоди коршиносони тоҷик

Февраль 1, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 1.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маълум аст, ки баъзе барнома ва лоиҳаҳое,  ки аз тарафи СММ қабул мегарданд, бо сабабҳои гуногун ҳангоми амалӣ шудан ба мушкилиҳои ғайричашмдошт дучор меоянд. Аз ин рӯ, барои иҷрои муваффақонаи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва Маҷмаи Умумии СММ қабул намудааст, бояд механизмҳои амалишавии он ва расидан  ба ҳадафҳои гузошташуда таъсис дода шаванд.

Бояд  тазаккур дод,  ки барои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии  «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» чанд ниҳоду механизмҳои муассир таъсис ёфта буданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари он нақши муҳим бозиданд. Яке аз механизмҳое, ки дар татбиқи даҳсолаи сипаришуда нақши калидӣ бозид, ин ниҳоди СММ-Об (UN-Water) мебошад, ки соли 2003 таъсис  ёфтааст. «СММ-Об» аз 31 узв ва 38 шарикони ҳамкор иборат буда, фаъолияти ниҳодҳои гуногуни сохтори СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ташкилоти ғайридавлативу ҷомеаи шаҳрвандиро дар самти мудирияти захираҳои об ҳамоҳанг месозад.

Ниҳоди СММ

Об механизми  байниидоравии  ҳамоҳангсозии СММ барои тамоми масъалаҳои марбут ба оби тоза, аз ҷумла беҳдошт мебошад.  Ин платформа  хусусияти  меҳварӣ ва низоми васеи фаъолияти ҳадди аксар мутобиқшуда ва мувофиқашудаи обро таъмин менамояд.  Ниҳоди  СММ — Об барои амалӣ гардонидани мувофиқасозӣ ва ҳамоҳангсозии низоми  СММ  равона  карда  шудааст, чунки татбиқи ин матолиб дар доираи рӯзномаи Эъломияи Ҳазорсола ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор муайян шудаанд. Тавассути ниҳоди СММ-Об СММ ҳамчун «СММ-и воҳид» амал мекунад.

Доираи кори ниҳоди СММ

Об тамоми ҷанбаҳои оби тозаро, аз ҷумла обҳои рӯизаминӣ ва захираҳои зеризаминии он, ҳамчунон сарҳади байни оби ошомиданӣ ва баҳрҳоро дар бар мегирад. Ба доираи кори ин ниҳод захираҳои оби тоза  ҳам аз нигоҳи сифат ва миқдор,  рушд, арзёбӣ, идора, мониторинг ва истифода (аз ҷумла, барои истифодаи дохилӣ, кишоварзӣ ва талаботи экосистемаҳо),  канализатсия, ҳамчунон дастрасӣ ва истифодаи санитарӣ аз тарафи аҳолӣ ва ҳамкории байни ниҳодҳои беҳдоштӣ ва оби тоза,  офатҳои марбут ба об, ҳолатҳои фавқулода ва дигар падидаҳои шадид ва таъсири онҳо ба амнияти инсон шомиланд.

Мақсади асосии ниҳоди СММ

Об иборат аз арзиши ҳамаҷониба додан ба барномаҳо ва лоиҳаҳои мавҷуда тавассути роҳнамоӣ ва кӯшишҳои муштарак, ба хотири ба ҳадди аксар расонидани низоми васеи фаъолияти мутобиқшуда ва мувофиқашуда, инчунин баланд бардоштани самаранокии кумак ба кишварҳои узв, таъмин намудани кӯшишҳо ба сӯи расидан ба ҳадафҳо,  вазифаҳо ва амалҳои марбут ба доираи он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мебошад, аз ҷумла онҳое, ки дар Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Нақшаи иҷрои қарорҳои Йоханнесбург (Саммити ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор, 26 август- 4 сентябри 2002) дарҷ ёфтаанд.

Ниҳоди СММ — Об дорои барномаҳои худ оид ба захираҳои об мебошад. Барои мисол, як барномаи фаръӣ,  ки дорои нақшаи  корӣ, буҷет ва агентии ҳамоҳангсозии татбиқ аст, ин Барномаи мониторинги муштарак оид ба таъминоти об, таъминкунӣ ва канализатсия (БММ) мебошад, ки  таҳти сарпарастии ниҳоди СММ- Об фаъолият мекунад ва аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) идора карда мешавад. БММ соли 1990 таъсис ёфта, идомаи фаъолиятҳои мониторингиеро, ки ТУТ аз соли 1960  ба ин тараф анҷом медиҳад, дар худ таҷассум мекунад. БММ механизми расмии низоми СММ буда, вазифадор аст мониторинги пешрафти глобалӣ дар самти Ҳадафҳои рушди ҳазорсола оид ба оби ошомиданӣ ва санитарияро анҷом диҳад. Ҳисоботи глобалии мунтазами БММ оид ба оби ошомиданӣ ва санитария ба фарогирии банақшагирии  матолиби  соҳа ва  идоракунии он мусоидат менамоянд. Кӯшишҳои кишварҳои дигарро барои назорати ин бахш дастгирӣ намуда, БММ ба банақшагирӣ ва идоракунии беҳтари ин соҳа дар сатҳи миллӣ мусоидат менамояд.

Гурӯҳи «Дӯстони об»

Илова бар ин, зикр кардан ба маврид аст, ки аз соли 2009 дар СММ бо ташаббуси Тоҷикистон як ниҳоди хеле муассир ва муҳим бо номи Гурӯҳи «Дӯстони об» таъсис дода шудааст, ки дар айни ҳол зиёда аз 100 кишвари узви Созмонро фаро мегирад. Ниҳоди мазкур дар муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба оби рӯзномаи СММ нақши фаъол дорад. Ниҳодҳои болозикр дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 нақши муҳим ва бориз доштаанд.

Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об

Барои иҷрои муваффақонаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 моҳи январи соли 2016 механизми  нав- Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об таъсис ёфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ба узвияти он пазируфта шуданд. Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об бо ташаббуси Муншии умумии СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис шуда, танҳо 11 нафар сарони Ҳукумат ва кишварҳо аъзои он мебошанд. Дар доираи ин Панел тамоми масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва пайгирӣ қарор мегиранд.

Ҳафт Форуми ҷаҳонии об

Яке аз механизмҳои муассири амалигардонии даҳсолаҳо дар соҳаи об-  ин форумҳои ҷаҳонии об мебошанд, ки мутобиқи қарори Шӯрои ҷаҳонии об дар ҳар се сол як бор дар яке аз давлатҳои узви СММ баргузор  мегардад.  То имрӯз 7 Форуми ҷаҳонии об 21-25 марти с. 1997 дар Шоҳигарии Марокаш, 17-22 марти с. 2000 дар ш. Гаага, Нидерланд, 16-23 марти с. 2003 дар, Япония, 16-22 марти с. 2006 дар, Мексика, 15-22 марти с.  2009 дар Туркия, 12-17 марти с. 2012 дар Франсия, 12-17 апрели с. 2015 дар Ҷумҳурии Корея гузаронида шудааст. Ҳайатҳои баландпояи кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар ҳама ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба об, аз ҷумла дар тамоми форумҳои ҷаҳонии об ширкати фаъолона варзидаанд. Мутобиқи қарори  Шӯрои ҷаҳонии  об форуми  навбатӣ рӯзҳои 18-23 марти соли 2018 дар Ҷумҳурии Федеративии Бразилия баргузор хоҳад шуд.

Барои тақвият бахшидан ба ин раванд ва нигоҳ доштани сатҳу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ Ҳукумати Тоҷикистон, сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, намояндагиҳои ҶТ дар назди созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин дипломатҳои кишварро мебояд бо ҳисси ифтихор ва масъулият ҷиҳати ҷалби бештар ва фарогири  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати татбиқи ибтикороти глобалии Тоҷикистон саъю талош варзанд.

Кай яке аз ин форумҳои ҷаҳонии об дар Душанбе  баргузор  мегардад?

Кишвари мо тайи Даҳсолаи гузашта якчанд ҳамоиши байналмилалиро бо иштироки кишварҳои узви СММ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҷаҳонии молиявӣ, аҳли илму адаб аз тамоми гӯшаҳои олам мизбонӣ кардааст. Дар сатҳи миллӣ низ барои татбиқи Даҳсолаи  нави об шояд  садҳо чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ баргузор гарданд. Мо боварӣ дорем, ки дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи  нав дар ҳалли масъалаҳои об ҳиссагузорӣ ва пешсафии худро нишон хоҳад дод, то тарҳҳои обӣ ва гидроэнергетикии худро бо истифода аз механизмҳои пурнуфузи байналмилалӣ амалӣ гардонад ва дар ҳалли масоили ҷаҳонии об нақши мондагор гузорад.

Дар  хотима бояд тазаккур дод,  ки дар тӯли 25 соли  соҳибистиқлолӣ  дар ин самт  Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷрибаву малакаи зарурӣ андӯхтааст. Аз ин рӯ,  барои боз ҳам баландтар  бардоштани мақом ва нуфузи кишварамон  дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод менамоем, ки яке аз ин форумҳои ҷаҳонии об дар пойтахти ватанамон- шаҳри  Душанбе  баргузор  гардад.  Ба андешаи мо чунин  иқдом боиси  ифтихор ва   адолат мебуд, зеро чор ташаббуси ҷаҳонии марбут ба об аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  сурат  гирифтааст.

Дар ин маврид Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки давлати худро ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ,  манзараҳои зебову дилрабо  ва табиати  нотакрор, амну суботи ҳукмфармо  ва  пайгири ҳамкории  қавию судманд бо  кишварҳои ҳамсоя  дар ҳаллу фасли масъалаҳои об нишон диҳад, ки он барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи обу энергетика ва рушди сайёҳии кишвар мусоидат хоҳад кард.

 

                                            Саидумар РАҶАБОВ,

мудири шуъбаи ҳуқуқи

байналмилалии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АИ  ҶТ,

                        доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,

Ҷомӣ МАҲМАДОВ, аспиранти  ДМТ

 

Февраль 1, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд