Юлдош Султонов: «Ширкатҳои дорусозии ватанӣ метавонанд бо имкониятҳои молиявии худ корхонаҳои бузурги саноатиро бунёд намоянд»

Февраль 28, 2017 09:41, 208 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Султонов (2)_1

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чораҷӯӣ карда, якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии мамлакат,  22 декабри соли 2016.

 ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо  Юлдош     Султонов, директори  генералии  ширкати   ҶДММ «Ясмина  Мед»   дар хусуси  дарёфти роҳҳои истеҳсоли доруворӣ дар ҷумҳурӣ ва фаъолияти ин ширкати дорусозӣ   суҳбат орост, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

Ховар: Тибқи  хулосаи коршиносон таъсиси ширкати дорусозӣ кори басо сангин аст. Тавре аз мушоҳидаҳо   бармеояд,  тайи чанд соли охир  соҳибкорони зиёде дар ин ҷода муфлис гашта, дари ширкатҳои худро ба рӯи мизоҷон бастанд. Ба ширкати Шумо чӣ гуна муяссар  гардид, ки   мушкилотро паси сар кунанд?

Юлдош Султонов: Дар ҳақиқат  ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи дорусозӣ  мушкилоти зиёд дорад. Бунёди корхонаи истеҳсолии фармасевтӣ  маблағ ва  вақти  зиёдро барои  анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҳияи технологияи истеҳсоли дору талаб менамояд. Корхонаи дорусозӣ баъди 4-5 соли дуруст ташкил намудани фаъолият ва дастгирии давлатӣ метавонад бо иқтидори пурраи истеҳсолӣ маҳсулот истеҳсол намояд.

Ҳангоме ки корхонаро  ташкил  кардем, бо мушкилиҳои зиёд рў ба рў шудем. Бештари ин мушкилиҳо  техникӣ ва маъмурӣ буданд. Мо саҳмдорон аз ёру рафиқон ва бонкҳо маблағи калони пулӣ қарз гирифта, фаъолияти ширкатро  дар бинои иҷора оғоз кардем.

Ва, албатта, мо низ аз хавфи муфлисшавӣ  дар   ташвишу изтироб будем.

Хушбахтона, бо заҳмати шабонарӯзии мутахасисони ширкат ва гузашти вақт ин масъалаҳо зина ба зина ҳалли худро  ёфтанд. Шукрона, ки имрӯз мо дар бинои худамон фаъолияти истеҳсолӣ  дорем.

Боиси хушнудист, ки  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  мавриди  рушди   саноати  дорусозии кишвар  ба ҳалли мушкилоти   соҳа мусоидат  намуда, боиси рӯҳбаландии соҳибкорон гардид.

Яке аз сабабҳои асосии рў овардани мо ба истеҳсоли доруворӣ он аст, ки  солҳои аввали   соҳибистиқлолии кишвар мардуми  ҷумҳурӣ  аз  камшавӣ ва дастнорас будани дорувориҳо  азият мекашиданд.  Баъзеҳо аз вазъияти ноороми мамлакат истифода бурда, худро «корчаллону соҳибихтисос» гуфта, доруҳои қалбакии пастсифатро дар байни мардум ба фурўш мегузоштанд. Ин ҳолат моро  ҳамчун мутахассисони ин соҳа бетараф гузошта  наметавонист.

Ман хатмкардаи Донишгоҳи дорусозии шаҳри Пятигорски кишвари  Ставрополи Федератсияи Россия   ҳастам.

Соли 1976, пас аз хатми донишгоҳ дар як дорухонаи ноҳияи  Шаҳритус дар   вазифаи химик – аналитик, инчунин дар дорухонаҳои  шаҳри Қўрғонтеппа ва ноҳияи Қубодиён кор кардаам. Ва бо истифода аз таҷрибаи андӯхта  соли 1991 дорухонаи  хурди истеҳсоли  маводи дорувории  «Анис»-ро таъсис додам,  ки вазифаи асосиаш ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши  ҷумҳурӣ, хусусан  решаи    ширинбия буд.

Соли 2000 дар ноҳияи  Қубодиён   сехи хурди истеҳсоли доруро таъсис дода,  аз соли 2001 ин фаъолиятро дар шаҳри Турсунзода идома додам.

ҶДММ «Ясмина Мед»  соли 2011 аз ҷониби як гурӯҳ   мутахассисони таҷрибадори   саноати дорусозии ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Самти асосии фаъолияти ширкат истеҳсоли воридивазкунандаи маводи доруворӣ мебошад.           Ширкат дар ин муддат  зиёда аз 21 номгӯй  маводи доруворӣ, аз қабили   антибиотику  витаминҳоро   дар шакли  қиёму шарбат, хокаҳо, ҳабу қурсҳои гуногун  истеҳсол мекунад, ки ҳоло дар дорухонаҳои кишвар ба муомилот бароварда  шудаанд.

Ховар: Муваффақияти корхонаи дорусозӣ, пеш аз ҳама, ба фаъолияти мутахассисони варзидаи соҳа вобастагӣ дорад. Ширкати Шумо дар таъмини мутахасиссон мушкил надорад?

Юлдош  Султонов: Кормандон ва мутахассисоне, ки дар корхона кор мекунанд, аспирантураи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардаанд, номзад ва доктори илмҳои фармасевтӣ низ ҳастанд. Мутахассисони мо дар ҷумҳуриҳои Хитой, Россия ва  Эрон таҷрибаи корӣ  омӯхтаанд.

Дар айни замон дар корхона 13 нафар  фаъолият дошта,  маоши кормандон аз   600 сар шуда, зиёда аз 1200 сомониро ташкил медиҳад. Баъзе мутахассисон саҳмгузори ширкат низ мебошанд. Онҳо дар ҳолати рушд кардани корхона ҳаққи шахсии худро доранд.

Ғайр аз ин, мо бо олимони Академияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  низ ҳамкорӣ дорем. Бо дастгирии  онҳо  дар асоси  бентанит, ки ашёи хоми маҳаллӣ аст, доруҳои  пешгирии диареяро тайёр карда истодаем.

Ховар: Корхонаи Шумо  ашёи  хомро барои дорусозӣ  аз кадом  давлатҳо  ворид   менамояд?

Юлдош Султонов: Мо аслан  ашёи хоми  дорувориро аз  кишварҳои Хитой ва  Россия  ба кишвар ворид мекунем. Дар солҳои  наздик тасмим дорем, ки  дар ин самт  бо Ҳиндустон  ҳамкориро ба роҳ монем. Ҳамчунин  мақсад  дорем  аз Ҷумҳурии Халқии  Хитой  таҷҳизоте  харидорӣ   намоем, ки имкон медиҳад ашёи хоми доруворӣ барои коркарди дору  омода шавад.

Ховар: Аз гиёҳҳои шифобахши кишвар низ барои коркарди доруворӣ истифода  мебаред?

Юлдош     Султонов: Ба  наздикӣ  ҳамчун  ашёи  хоми ватанӣ  аз гиёҳи тимён (хома) барои тайёр намудани доруи пертусин истифода бурданием, ки ин растанӣ дар ватанамон фаровон  аст. Кор дар ин самт идома дорад ва кӯшиш дорем, ки аз гиёҳҳои  шифобахши Тоҷикистон барои мардум малҳаму даво тайёр намоем.

Ховар: Рақобати солим  байни ширкатҳои дорусозии кишвар  ба  рушди ин соҳа  дар кишвар мусоидат менамояд. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред? 

Юлдош     Султонов: Албатта, рақобати солим  асоси пешравии  истеҳсолот  аст. Мо дар айни ҳол бо дигар ширкатҳои дорусозӣ ҳамкорӣ дорем, на рақобат. Инҳо ҶДММ «Кўҳҳои Тоҷикистон», ҶДММ «Тиб барои шумо», ҶДММ «Вежафарм» мебошанд.  Дар айни  замон ҳамаи мо мисли  тифлони навзод ҳастем,  ки  бояд дасти ҳам гирифта, дар якҷоягӣ  барои табдил ёфтан ба ширкатҳои бузурги истҳсолкунандаи  маводи доруворӣ ва молҳои тиббии истеҳсоли ватанӣ  талош варзем. Ширкатҳои дорусозии кишвар  танҳо дар якҷоягӣ бо мақсади ҳимояи   манфиати давлату миллат метавонанд бо ширкатҳои азими хориҷии  воридкунандаи доруворӣ, ки  мавҷудияти моро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, рақобатпазир бошанд.     Мо хуб дарк мекунем, ки танҳо пас аз  пурқувват гардидани ширкатҳои дорусозии  ҷумҳурӣ рақобат варзидан байни онҳо ба манфиати кор аст.

Ховар: Доруҳои истеҳсолнамудаи корхонаи Шумо  ба талаботи  стандартҳои  давлатӣ   ҷавобгӯ ҳастанд?

Юлдош  Султонов: Бале, доруҳое, ки мо истеҳсол мекунем, ба стандартҳои давлатӣ ҷавобгўянд. Ҳоло он стандартҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ин стандарти ҳиндӣ, украинӣ ва русӣ мебошанд. Ин се давлат  дар соҳаи дорусозӣ  кишварҳои пешрафтатаринанд.

Пеш аз истеҳсоли дору масъулони ширкати мо талаботи бозори истеъмолии ҷумҳуриро  меомӯзанд.  Ва пас аз ин омӯзиш, вобаста  ба фаслҳои сол, ки аҳолӣ бештар ба кадом доруҳо  талабот доранд, ба истеҳсоли дору машғул мешавем. Мо асосан барои кӯдакон ва  камхунии занон дору истеҳсол менамоем.

Ховар: Корхонаи шумо  бо  ширкатҳои  хориҷӣ  ҳамкорӣ дорад?

Юлдош Султонов: Мо ҳоло нақша дорем бо шуъбаи фармакологияи Донишгоҳи дорусозии шаҳри Пятигорски кишвари Ставропол  робитаҳои илмию  амалиро ба роҳ монем. Ният дорем, бевосита бо сафари корӣ ба шаҳри Барнаули кишвари  Россия сафар намуда, бо корхонаи коркарди технологияҳои нави дорусозӣ, ки рўзҳои наздик ба истифода дода  мешаванд, робитаю  ҳамкориро ба роҳ монем. Бояд қайд намоям, ки мо дар масъалаи маводи техникӣ танҳо бо    кишвари Хитой ҳамкорӣ  дорем  ва  оянда низ ин ҳамкориро  рушд  хоҳем  дод.

Ховар:  Ҳамчун мутахассиси соҳа   ояндаи  соҳаи дорусозии кишварро  чӣ гуна  арзёбӣ мекунед?

Юлдош Султонов: Тоҷикистон дар соҳаи дорусозӣ дар сурати фароҳам овардани заминаи созгор метавонад мақоми сазовор дошта бошад. Ҳангоми мусоидат намудан ба фурўши маҳсулоти ин корхонаҳо дар давоми ду—се сол ҳамин ширкатҳо метавонанд бо имкониятҳои молиявии худашон корхонаҳои бузурги саноатиро бунёд намоянд.

Аввалин ҳадафе, ки дорусозони ватанӣ бояд анҷом диҳанд, ин бо маводи аввалияи доруворӣ ва тиббӣ таъмин намудани аҳолии кишвар мебошад.

Масалан, истеҳсоли доруи пертусин ё ин ки «зелёнка» чӣ мушкилӣ дорад, ки  дар мамлакати худ истеҳсол карда натавонему  онро аз беруни  кишвар ворид созем?!   Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки шарт нест доруҳои содатаринро бо нархи ду маротиба гарон  аз хориҷи кишвар   ворид   намоем.

Баъди дастуру  супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар   Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016  дар  масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ ин замина аллакай ба  вуҷуд  омадааст.

Хусусан супориши  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба мақомоти санҷишии мамлакат  оид ба нагузаронидани  санҷишҳои беасосу нозарур, ки боиси халал ёфтани  фаъолияти   ширкатҳои истеҳсолкунанда ва  монеаи рушди соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла истеҳсоли дорувории ватанӣ мегарданд, барои  фаъолияти самараноки   дорусозони кишвар сабукиҳои зиёд овард.

Дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти кишвар айни замон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарии муовини аввали вазир  Саида Умарзода гурӯҳи корӣ таъсис шуда, ба ҳайати он  мутахассисону роҳбарони ширкатҳои  фармасевтӣ шомил гардидаанд.  Боварамон комил аст, ки  гурӯҳи мазкур  масъалаҳои муҳими  соҳаро  баррасӣ  намуда, барои дарёфти  роҳи ҳалли онҳо мусоидат менамояд.  Аз ҷумла,  дар машваратҳои ин гурӯҳ барои озод намудан аз андоз номгӯи доруҳо, таҷҳизоти технологӣ, қисмҳои  эҳтиётии он, субстансияҳои  доруворӣ ва ашёҳои хоми он муҳокима мегарданд.

Агар дигар идораҳои дахлдори мамлакат низ дорусозони ватаниро  дастгирӣ  намуда,  ҳамкориро ба роҳ монанд, дар солҳои наздик итминон дорем, ки соҳаи дорусозӣ дар  Тоҷикистон рушд мекунад ва мушкили аҳолӣ дар ин самт осон мегардад.

Рухсораи НУР

 

Февраль 28, 2017 09:41, 208 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ ва Шукӯҳи ДАЛЕР, хабарнигори АМИТ «Ховар»Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ: «Тоҷикистон табиати биҳиштосо дорад»
Навруз муборак!Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
Тағоймурод ГуловТағоймурод Гулов: «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор дар соҳаи об эътироф гардидааст»
Нурали НурзодНуралӣ Нурзод: «Наврӯз ҷашни офариниш, таваллуди инсон ва паёми зиндагисози ворисони он ба ҷаҳониён аст»
Таманно15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо. Агар ҳуқуқатро донӣ, дар зиндагӣ дарнамемонӣ!
14 март рӯзи байналмилалии дарё Дар Тоҷкистон зиёда аз 25 ҳазор дарё мавҷуд аст114 март-Рӯзи байналмилалии дарё. Оби ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ошомиданӣ эътироф гардидааст
Барнома-ВИЧ ДилшодҲадафи асосии лоиҳаи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020» пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО (ВИЧ/ СПИД) мебошад
Саидов-1 (6)Абдусаттор Саидов: «Гирифтани ҷоиза ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти баланд аст»
Олим Салимзода ва Шукухи ДалерОлим Салимзода: «Қонуни асосӣ барои аҳли қалам-дили пок, нияти холис ва қалами беғараз мебошад»
Зиннатулло Исмоил11 март аз нашри нахустин шумораи «Бухорои шариф» 105 сол сипарӣ мегардад. Суҳбат бо раиси ИЖТ З. Исмоилзода атрофи ин ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Дилшод РДилшод Раҳимов: «Наврӯз ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оин рабте надорад»
ТВ Бахористон-15 март- Рӯзи байналмилалии телевизиони бачагона. Даҳ сол пеш дар Тоҷикистон аввалин бор шабакаи телевизиони «Баҳористон» ифтитоҳ ёфта буд