Зафар Сайидзода: «Сафари расмии В. Путин ба Тоҷикистон дар рушди муносиботи байнидавлатӣ саҳифаи нав боз мекунад»

Февраль 27, 2017 15:45

ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳар сафари Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносиботи байнидавлатии ду кишвар саҳифаи нав боз мекунад», -иброз намуд мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар». Сафар имрӯз ба нақша гирифта шудааст.

«Умедворем, ки ин сафар имкон медиҳад муносибатҳоро ба сатҳи нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар боло барем», — афзуд З. Сайидзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, Россия аз лаҳзаи истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон дар сиёсати афзалиятноки хориҷии кишвари мо мақоми хоса дорад ва шарики стратегии калидӣ маҳсуб мешавад.

Интизор меравад, ки зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон як зумра санадҳои дуҷониба, ки ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ миёни давлатҳои мо мусоидат мекунанд, ба имзо расанд.

Тоҷикистон ва Россияро таърихан анъанаҳои чандинасра, ҳамкории зич ва дӯстии халқҳо, инчунин ҳамгироии амиқи фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Россия яке аз аввалинҳо шуда, истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф намуд.

Путин в Душ

Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт. Моҳи апрел ба барпо гардидани равобити  дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Россия 25 сол мешавад.

4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия ифтитоҳ гардид. 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил ёфта, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорати Тоҷикистон дар Россия таъсис дода шуд. Алҳол дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни Россия нақши муҳим доранд.

Бино ба маълумоти ВКХ ҶТ, миёни Тоҷикистону Россия зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст. Миёни ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ, аз ҷумла алоқаҳо дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ суҳбату  вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба мансаби Президенти Тоҷикистон интихоб гардидан 13 маротиба ба Федератсияи Россия сафар анҷом додаанд ва Президенти Россия Владимир Путин  8 маротиба аз Тоҷикистон дидан кардааст.

Тоҷикистон ва Россия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ҳамсон доранд. Аз ҷумла, ба ҳамкории босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ — СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, Иттиҳоти Иқтисодии АвруОсиё, СААД ва дигарҳо аҳамияти муҳим дода мешавад.

Мулоқоти сарони ду давлат далели рушди собитқадамона ва таҳкимбахши муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маҳсуб мешавад. Моҳи апрели соли 1999 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар ҷараёни он «Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ба асри XXI нигаронида шудааст», «Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расиданд. Дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқӣ, тавсеа ва рушди муносибатҳои дуҷониба роҳбарони ҳарду давлат, ки ба ҳамкории дуҷониба мақоми шарики стратегӣ додаанд, нақши калидӣ доранд. Зимни сафарҳо масоили калидии ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои ҳарбӣ ва сарҳадӣ, масоили таъмини амният дар минтақа, тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардида буданд. Як зумра созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, металлургияи ранга, истихроҷи газ, нафт ва канданиҳои фоиданок ба имзо расида буданд.

Моҳи августи соли 2008 оид ба ифтитоҳи филиалҳои мактабҳои олии бонуфузи Россия дар Тоҷикистон созишнома баста шуд, ки имрӯз муваффақона фаъолият доранд. Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 сурат гирифт, далели рушди муттасил ва таҳкими муносибатҳои ҳамёрии стратегии байни ду кишвар маҳсуб мешавад. Зимни ин сафар санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ, таҳвили нафт ва маҳсулоти он, энергетика, инчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расиданд.

Ҷониби Россия дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва инчунин оид ба иқдомоти Тоҷикистон дар истифодаи имкониятҳои гидроэнергетикӣ дастгирии худро изҳор намуд.

Дар тақвияти мувофиқаҳои зимни ин сафар бадастомада, соли 2013 созишномаҳо оид ба таҳвили маҳсулоти нафт ба Тоҷикистон, инчунин созишномаҳо дар соҳаи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба имзо расида, созишномаҳо оид ба сохтмони неругоҳҳои хурди барқӣ дар шимоли Тоҷикистон ва оид ба навсозии қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳия карда шуданд.

1 августи соли 2013 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия баргузор гардид.

Зикр гардид, ки рушди ҳамкорӣ омили муҳими субот ва амният дар тамоми Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Дар рушд ва таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ нақши муҳим мебозад. Моҳи апрели соли 2016 барои самаранокии ҳамкории иқтисодӣ Шӯрои соҳибкорӣ оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъсис дода шуд. Россия шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳиссаи он дар тавозуни савдои кишвар беш аз 20 %-ро ташкил медиҳад.

Гардиши мол миёни Россия ва Тоҷикистон соли 2015 беш аз 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Коҳиши ҷузъии ҳаҷми гардиши мол дар давраи баъд аз буҳрони соли 2009 ва 2016 мушоҳида мешуд, ки ба он коҳишёбии нархи нафт ва беқурбшавии рубли русӣ боис гардида буданд.

Молҳои асосии аз Россия содиротшаванда — маҳсулоти маъданӣ, чӯб ва селлюлозаи маҳсулоти коғазӣ, мошинҳо, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт, маводи ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ  мебошанд.

Аз Тоҷикистон асосан маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми кишоварзӣ, бофандагӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ба Россия ворид карда мешаванд. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодии ду кишвар, ки ба иқтисодиёти ҳарду кишвар таъсиргузор аст, маблағгузории сармоягузориҳои мустақими Россия ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон – энергетика, истеҳсолоти саноатӣ, соҳаҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, соҳаи технологияҳои баланд, кишоварзӣ ва ғайраҳо мебошад.

Тайи чанд соли охир сармоягузории мустақими Россия ба Тоҷикистон зиёда аз 700 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар бозори технологияҳои пешрафта+и кишвар ширкатҳои бузурги Россия, ба монанди ҶСК «Таком» (маркаи тиҷоратии «Билайн»), ҶСП «Мегафон Тоҷикистон» ва «Газромнефт — Тоҷикистон» фаъолона фаъолият доранд.

Соли 2008 омили муҳими ҳамкории зич миёни Тоҷикистон ва Россия барномаи сохтмони неругоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» дар ҷануби Тоҷикистон гардид.

То соли 2017 миёни Тоҷикистон ва Россия беш аз 70 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ ба имзо расиданд. Ҳамзамон дар Тоҷикистон беш аз 100 корхонаҳои Россия ва муштарак ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамкории Россия ва Тоҷикистон дар соҳаи гуманитарӣ низ босамар рушд меёбанд. Ба он соли 2011 дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани намояндагии «Россотрудничества» ва ду маркази иттилоотию фарҳангии Фонди «Русский мир» мусоидат менамоянд.

Айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия, инчунин филиали ду донишгоҳи Москва – Донишгоҳи давлатии Россия ба номи М. Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Москва фаъолият доранд.

Ҳамасола ба ҷониби Тоҷикистон беш аз 100 стипендия барои таҳсил дар мактабҳои олӣ, аспирантура ва барои таҷрибаомӯзии илмию амалӣ ҷудо карда мешаванд. Дар 5 соли охир шумораи умумии донишҷӯёни дар мактабҳои олии Россия таҳсилкарда беш аз 6 ҳазор нафарро ташкил дод. Айни ҳол беш аз 6,5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Россия таҳсил доранд. Барномаҳо доир ба таблиғи фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои  маънавии халқҳои Тоҷикистону Россия мунтазам гузаронида мешаванд. Баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия анъана гардидааст.

 

 

 

Февраль 27, 2017 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»