«Занон ва рушди илми муосир»-конфронс дар Данғара

Февраль 10, 2017 13:46

ҚӮРҒОНТЕППА, 11.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар соҳаи илм, ки ҳамасола 11 феврал таҷлил мегардад, конфронси илмӣ ба кори худ оғоз бахшид. Конфронси мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти даавлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Конфронс дар бахшҳои филология ва методика, иқтисодӣ, технологияи иттилоотӣ, табиӣ ва тиббӣ ва таъриху кишваршиносӣ мегузарад.
Дар конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдализода ва Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён сухан гуфтанд.
Конфронс имрӯз корашро ба анҷом мерасонад.

Февраль 10, 2017 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад