1 март- Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ: нашъамандӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Март 1, 2017 14:47

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли 1987 Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади ноил гардидан ба ташкили ҷомеаи ҷаҳонии озод аз суиистеъмоли маводи мухаддир ва зоҳир намудани нишони устуворӣ дар мубориза бо ин падида қарор қабул кард, ки ҳамасола рӯзи 1 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ ҷашн гирифта шавад.

Маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он дар баробари таҳдидҳои хатарбори ҷаҳони муосир ҳамоно аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Имрӯз дар ҷаҳон шумораи нафароне, ки маводи мухаддирро истеъмол мекунанд, зиёда аз 200 млн.-ро ташкил медиҳад.

Маводи мухаддир моддаи психоактивии хавфнок мебошад, ки истеъмоли он қобилияти солиман қабул кардани ҳодисаю воқеият, солим фикр кардан ва қарорҳои дуруст қабул кардани ҳар як шахсро ба куллӣ тағйир медиҳад. Истеъмоли маводи мухаддир хатари гирифторшавӣ ба сактаи дил, заҳролудшавӣ, сирояти бемориҳои ниҳоят хавфнок ва осеби майнаи сарро ба вуҷуд меорад. Мувофиқи тадқиқоти мутахассисони соҳа ду намуди нашъамандӣ-ҷисмонӣ ва равонӣ вуҷуд дорад. Ҷисмонӣ — ин одат кардан ба маводи мухаддир ва оқибат пайдо шудани аломатҳои шикасти ҷисм, яъне дарди ҷонкоҳ аст, ки бе набудани миқдори ин маводи сахттаъсир сӯзиши устухонҳо ва дарди сахти сар ба вуҷуд меояд. Нашъамандии рӯҳонӣ баъди моҳҳо ё солҳо инсонро боз ба истеъмоли ин маводи сахттаъсир маҷбур месозад. Яъне он нашъамандии психологиест, ки дар сатҳи фикр, эҳсосот ва рафтор пайдо мешавад.
Ҳамарӯза дар кураи замин он ҷиноятҳое, ки ба нашъа алоқаманданд, тақдири ҳазорҳоро вайрон ва умри садҳо ҷавонону миёнасолонро кӯтоҳ мекунанд. Тариқи агентиҳо ва шабакаҳои итилоотӣ мебинему мешунавем ва шоҳиди он мегардем, ки ин мавод на барои кайфият, балки заҳри қотилест барои нобуд сохтани инсоният.

Оқибатҳои бемории нашъамандӣ ҳам ба худи шахси истеъмолкунанда, яъне нашъаманд ва ҳам ба атрофиёни ӯ, аҳлу оила ва ҷомеа зарари худро метавонад расонад. Гузашта аз ин зарар ба насли ояндаи ӯ, носолим таваллудёбии тифл, тағйирёбии ҳолати ҷисмонӣ ё ин ки ҳолати рӯҳии фарзандонашон ҳангоми истеъмоли маводи нашъаовар боис мегардад. Инчунин аз тадқиқоти олимон бармеояд, ки дар насли ояндаи шахси нашъаманд моил ба дучори бемории нашъамандӣ гирифтор шудан хавф дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ (20.01.2016 сол) зикр намуда буданд, ки «мо на як бору ду бор изҳор доштаем, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Ҳамзамон бо ин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд».

Тибқи маълумоти директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ Маҳмадраҳим Малахов, дар мамлакат ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ 83,6 нафар бемор рост меояд, ки ин нишондод дар муқоиса ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст. Шумораи аз ҳама бештари беморони нашъаманд дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст (333 нафар ба 100 ҳазор нафар рост меояд). Ба маълумоти ҳамсуҳбат, аз ҳама нишондиҳандаи паст дар муқоиса ба дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки шаҳрвандон аз кадом роҳ гирифтори нашъамандӣ мешаванд, ин беморӣ табобатшаванда аст ё не?

Бино ба иттилои Маҳмадраҳим Малахов, сабаби гирифтор шудан ба нашъамандӣ, пеш аз ҳама, дастрасӣ ба маводи мухаддир аст. Гузашта аз ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки робита бо истифодабарандагон ва дар натиҷа  истифодаи  моддаҳои нашъаовар сароғози ин беморист. Баъзе беморон худашон омада аз қайди диспансерӣ мегузаранд, табобат мешаванд ва ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Яъне, ин беморӣ табобатшаванда аст.
Бояд гуфт, ки дар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ду барнома оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ татбиқ мегарданд, ки «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013 – 2017» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи он аст. Дар заминаи татбиқи самараноки барнома чорабиниҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳадафи ниҳоии барнома пешгирӣ ва боздошти паҳншавии маводи фаъолкунанда, мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ, инчунин коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он дар байни аҳолӣ, тақвияти заминаҳои моддию техникии сохторҳои наркологӣ мебошад.
Дар натиҷаи гузарондани таҳлилҳо маълум гардид, ки дар аксари муассисаҳои табобатӣ пешгирии меъёрҳои муқарраргардида риоя шуда, табибони нарколог омода гардиданд. Инчунин барои мутахассисони маҳаллӣ курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шуда, ҷараёни татбиқи барнома дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамонро ба роҳ мондааст. Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 т 426 кг (с. 2015 – 4 т 676 кг) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015- 1 т 250 кг ё 26 фоиз камтар мебошад.

Мусаллам аст, ки дар сурати ба роҳ намондани муборизаи беамон бар зидди  ин раванди номатлуб теъдоди нашъамандон дар миёни аҳли башар рӯ ба афзоиш оварда, ҳаёти миллионҳо нафарро зери хатар қарор медиҳад. Дар навбати аввал бояд пеши роҳи воридоти маводи мухаддир ва фурӯши он гирифта шавад. Ҳамчунин  назорати иҷтимоӣ пурзӯр гардад, зеро нашъаҷаллобон барои равнақи бозорашон ҳамеша одамонро ба харидориву истифодаи маводи мухаддир бо роҳҳои гуногун ташвиқ мекунанд ва муваффақ низ мегарданд. Табибон мегӯянд: «Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст» ва воқеан ҳам ҳамин тавр аст. Бояд ақли солимро кор фармоем, то ба фиребу дасисаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои нашъаҷаллобу экстремистӣ наафтем.

Март 1, 2017 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад