11 март аз нашри нахустин шумораи «Бухорои шариф» 105 сол сипарӣ мегардад. Суҳбат бо раиси ИЖТ З. Исмоилзода атрофи ин ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Март 10, 2017 16:54

ДУШАНБЕ, 10.03.2017/АМИТ «Ховар»/. 11 март ҷомеаи журналистони Тоҷикистон иди касбии худро, ки аз санаи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» сарчашма мегирад, таҷлил менамоянд. Дар робита ба ин дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик доир ба фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон /ИЖТ/ ва нақши воситаҳои ахбори омма  /ВАО/ дар рушд ва дигаргуниҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар  бо Зинатулло Исмоилзода,  раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суҳбат оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони арҷманд мегардонем:

АМИТ «Ховар»:  Соли равон журналистони Тоҷикистон иди касбии  худро дар кадом сатҳ истиқбол мегиранд?

-Зинатулло Исмоилзода:  Соли 2017 барои журналистикаи Тоҷикистон соли махсус аст, зеро 11 марти соли 2017 аз таъсиси аввалин нашрияи тоҷикии «Бухорои шариф» 105 сол сипарӣ мегардад. То ҷое мусаллам аст, дар 100-солагии таҷлили таъсиси нахустин рӯзномаи «Бухорои шариф»  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ВАО  мулоқот анҷом дода буданд ва нақши ВАО –ро ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии кишвар  муҳим арзёбӣ намуданд. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани  Рӯзи матбуоти тоҷик соли равон ИЖТ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои журналистӣ барномаҳои гуногунро таҳррезӣ намудааст. Яке аз онҳо баргузор намудани вохӯрӣ бо донишҷӯёни бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ва барпо намудани конфронс дар мавзӯи «Нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ» мебошад, ки иштирокдорони он доир ба нақши ВАО маърӯза хоҳанд кард. Инчунин Академияи ВАО  бо иштироки донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ҳамоиш доир менамояд, ки дар он масоили марбут ба рушду такомули матбуоти тоҷик аз замони зуҳури нахустин нашрияи тоҷикии «Бухорои шариф» то кунун баррасӣ мегардад.

Дар иртибот ба таҷлили сазовори Рӯзи матбуоти тоҷик 10 март дар толори Театри ба номи А. Лоҳутӣ бо иштироки ҷомеаи журналистии Тоҷикистон, намояндагони масъули мақомоти давлатӣ, собиқадорони соҳа маҷлиси тантанавӣ доир гардида, дар ин рӯз беҳтарин намояндагони ВАО бо ифтихорномаю  мукофотҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»  ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»  қадрдонӣ мегарданд. Инчунин чун анъана дар ин рӯз ба беҳтарин журналистон Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ такдим  мегардад. Дар соли равон дар чор бахш- матбуот, радио, телевизион ва таҳияи маводи илмии тадқиқотӣ беш аз 25 нафар маводи худро пешниҳод намуданд. Аз ҷониби  комиссияи ҷоизаҳои ИЖТ тамоми маводи пешниҳодшуда  баррасӣ гардида, аъзои комиссия маводи беҳтарини  журналистиро дар чор бахш интихоб намудаанд ва рӯзи 10 март дар маҷлиси тантанавӣ ба онҳо нишони сарисинагӣ, шаҳодатномаи Лауреати мукофоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар маросими ботантана супорида мешаванд.

Соли 2017 бо иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст. Дар робита ба ин ҳамасола ИЖТ  дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии кишвар барои ҳавасманд кардани  рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни бахши журналистикаи донишгоҳҳои  кишвар Ҷоизаи  ба номи профессор Воҳид Асрориро таъсис додааст. Имсол беш аз 10 нафар довталабон барои  мушарраф гардидан ба ҷоизаи мазкур мавод пешниҳод намудаанд. Интизор меравад, ки дар Рӯзи матбуоти тоҷик беҳтарин маводи журналистии рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни бахши журналистикаи донишгоҳҳои кишвар  бо Ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрорӣ, ки дар ташаккули журналистикаи тоҷик саҳми босазо гузоштаанд, сарфароз гарданд.

Инчунин ИЖТ 11 март дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагони  ВАО мулоқот  доир намуда, ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик беҳтарин кормандони ВАО-и шимоли кишварро, ки дар расонаҳои чопию электронӣ  пурсамар фаъолият доранд, бо ифтихорнома ва мукофот сарфароз мегардонад.  Дар арафаи ҷашни  105-солагии  таъсиси нахустин рӯзномаи «Бухорои шариф» ҳавасманд намудани  ҳампешагон амри табиист, зеро нақши кормандони ВАО дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат, ҳифзи арзишҳои миллӣ беназир аст.

АМИТ «Ховар»: Алҳол Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  дар  сафи худ чӣ теъдод аз намояндагони ВАО-ро муттаҳид намудааст ва ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои намояндагони ВАО, ки дар ҷомеа ба ҳайси ҳокимияти чорум эътироф шудаанд, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

 Зинатулло Исмоилзода: ИЖТ яке аз калонтарин созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба шумор  рафта, беш аз 2300 нафар аъзо дорад ва 400 нафар боз барои узвият ба  ИЖТ ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд. Бо қарори анҷумани ИЖТ азнавбақайдгирии аъзои ИЖТ шурӯъ гардидааст ва баъд аз ҷашни байналмилалии  Наврӯз ба тамоми аъзои ИЖТ ҳуҷҷатҳои нав супорида мешаванд. Ҳадафи аз нав ба қайд гирифтани аъзои ИЖТ ба он рабт дорад, ки дар ин муддат  баъзе аъзои ИЖТ вафот карданд, фаъолияти худро қатъ намуда ё ба кори дигар гузаштаанд. Инчунин  касбияти намояндагони ВАО яке аз меъёрҳои асосии оинномаи ИЖТ  мебошад, аз ин рӯ, сурат гирифтани таҷдиди назар дар иртибот ба узвият дар ИЖТ- ин  дар сафи ИЖТ ҷамъ овардани рӯзноманигорони ҳирфаӣ аст, рӯзноманигороне, ки воқеан дар рушди журналистикаи тоҷик  нақш доранд ва дар ин ё он расона саҳми назаррас мегузоранд. Мо саъй менамоем, ки бештар журналистони касбӣ аъзои ИЖТ гарданд ва ин талаботи асосист.

Ҳамзамон ИЖТ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои худ ҳамеша талош мекунад. Яке аз тадбирҳои асосие, ки дар ин маврид андешида мешавад, ин таҳияи Стратегияи рушди ВАО сарфи назар аз шакли моликияташон аст, ки ин пешниҳод  зимни машварати кории Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон аз ҷониби Роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон  қабул гардида, Пешвои миллат  дастур доданд, ки  ҳуҷҷати мазкур омода гардад ва он қадами асосиест ҷиҳати ҳимояи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорон ҳангоми иҷрои рисолати касбии онҳо дар ВАО. Таҳия ва қабули ин санад ба беҳтар гардидани  вазъи иҷтимоӣ ва нақши журналистон дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»: Назари Шумо ба коҳиш додани ҳаққи қалами журналистоне, ки дар расонаҳои давлатӣ, бахусус нашрияҳо фаъолият доранд?

 Зинатулло Исмоилзода: Фаъолияти ин ё он расона ба он вобаста аст, ки мудирият дар он чӣ гуна ба роҳ монда шудааст.  Таҷдиди назар ё коҳиш додани ҳаққи қалам дар бархе аз  нашрияҳои давлатӣ ин тасмими Вазорати молияи кишвар бо назардошти вазъи имрӯзаи буҷети ҷумҳурист. Тасмими Вазорати молияи кишвар бар он асос меёбад, ки расонаҳои давлатӣ, ки имкони  аз манбаъҳои дигар пардохти ҳаққи қалами мухбиронро доранд, онҳо аз ин манбаъҳо истифода намоянд, на аз буҷети кишвар.

МИТ «Ховар»: Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст?

Зинатулло Исмоилзода:  Масъалаи вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ беҳтар аст. Дар ин самт кӯшишҳо ҳаст, ки фазои иттилоотии кишвар  бо расонаҳои мухталиф пурра гардад ва ин расонаҳо имкони фаъолияти муназзами  худро дошта бошанд. Аз ин рӯ, дар баробари рушди расонаҳои давлатӣ бояд  теъдоди расонаҳои мустақил низ афзун  гарданд, зеро расонаҳои мустақил манбаи алтернативии дастрасии мавод барои мардуманд ва ин манбаъҳо барои пурра намудани фазои иттилоотии  кишвар мусоидат менамоянд. Буҳрони молиявӣ имрӯз ба ВАО,  пеш аз ҳама, ба нашрияҳои мустақил, ки онҳо нисбатан манбаъҳои камтар дастрас кардани маблағро доранд, яъне аз буҷа маблағгузорӣ намегарданд, таъсир расонидааст. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ҳамсоякишварҳо барномаҳои  рушди ВАО-и мустақил  таҳия мегарданд ва дар ин маврид яке аз рукнҳои Стратегияи пешбинишавандаи рушди ВАО бояд барномаи давлатии дастгирии расонаҳои мустақил бошад, то ин ки имконият фароҳам орем, ки дар баробари расонаҳои давлатӣ ВАО-и мустақил ҳам имкони  иҷро намудани рисолати касбии худро дошта бошанд.

АМИТ «Ховар»: Соли гузашта дар фазои иттилоотии кишвар ягон расонаи нав ба фаъолият оғоз кард?

Зинатулло Исмоилзода: Дар солҳои 2016-2017 мо шоҳиди он будем, ки дар фазои иттилоотии кишвар ду муассисаи нави давлатӣ – шабакаҳои телевизионии «Синамо» ва «Варзиш»,  инчунин бо иқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шабакаи «Футбол» ба фаъолият оғоз карда, фазои иттилоотии кишварро пурра гардониданд.

Аз фаъолият бозмондани  нашрияи мустақили  «Нигоҳ» ва қатъи фаъолияти хабаргузории иттилоотии  «Тоҷнюз» дар соли гузашта сурат гирифт, ки роҳбарони ин расонаҳо тасмими қатъи фаъолияти онҳоро   ба мушкилоти молиявӣ ва иқтисодӣ рабт доданд. Воқеан,  баъзе нашрияҳои кишвар  имрӯз дучори мушкилоти молӣ ҳастанд. Бо мақсади он ки ин нашрияҳо аз фаъолият бознамонанд, барои рушди  фазои иттилоотии кишвар саҳми ВАО-и мустақил бояд ба назар гирифта  шавад. Пешниҳоди ман ин аст, ки ВАО  сарфи назар аз моликияташон бояд дар асоси озмун ва грантҳо ба дастгирии давлатӣ фаро гирифта шаванд  ва ин дастгирии давлатӣ имкон фароҳам орад, ки он расонаҳое, ки мувоҷеҳи буҳронанд, аз ин вазъият берун шаванд ва тавонанд мустақилияти редаксионии худро нигоҳ доранд.

 АМИТ «Ховар»: Ҷиҳати баланд бардоштани касбияти рӯзноманигорон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон чӣ тадбирҳо меандешад?

Зинатулло Исмоилзода: Баланд бардоштани савияи касбии журналистон  ва такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо яке аз масъалаҳои хеле муҳим мебошад. Бо тасмими  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Академияи ВАО  аз ҳамин ҳадаф сарчашма мегирад.  Дар соли 2016  беш аз сад нафар кормандони  ВАО-и кишвар  соҳиби сертификати Академияи ВАО гардиданд. Инчунин барои кормандони расонаҳо курсҳои махсуси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ва семинарҳо гузаронида шуданд. Ҷиҳати  баланд бардоштани  касбияти журналистон бояд  масъулин ва соҳибони  расонаҳо ҳавасманд бошанд, то  ки сари ҳар чанд вақт  кормандонашонро ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб намуда, онҳоро бо  таҷрибаю донишҳои  нав, ҷаҳонбинӣ, тафаккури баланд мусаллаҳ гардонида, дар рушди ВАО саҳм гузоранд. Дар ин росто, дар самти таҳия ва пешниҳоди маводи чопию электронӣ таҳаввулот ба вуҷуд оранд, то хонанда ва шунавандаю бинанда тавонанд расонаҳои Тоҷикистонро манбаи иттилоотии худ қарор диҳанд. Такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ВАО  ҳамеша дар мадди назари расонаҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла ниҳодҳои журналистии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин росто рисолати Академияи ВАО, қабл аз ҳама, ба баланд бардоштани касбияти кормандони расонаҳо нигаронида шудааст. Дар зарфи як соли фаъолияти Академияи ВАО  15 машғулияти омӯзишӣ барои муҳаррирон, барандагони барномаҳои иттилоотӣ, наворбардорон, рассомон, дизайнерон ва кулли кормандони ВАО гузаронида шуд.

АМИТ «Ховар»: ИЖТ бо созмонҳои журналистии кишварҳои ИДМ  ҳамкорӣ дорад?

Зинатулло  Исмоилзода:  ИЖТ бо созмонҳои журналистии Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Озарбойҷон, Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ҳамкории густурда дошта, дар ин замина чандин боздиди ҳайатҳои журналистон ба ин кишварҳо сурат гирифтааст. Инчунин ИЖТ бо Конфедератсияи байналмилалии журналистон ҳамкорӣ дорад. Ҳадафи ҳамкорӣ омӯзиш ва  истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ин кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи журналистӣ дар самти ташаккули журналистикаи миллӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: ВАО дар ҷомеа ба ҳайси ҳокимияти чорум  эътироф шудааст ва дар шароити имрӯза то чӣ андоза ин ҳокимият аз иҷрои рисолати худ баромада метавонад?

Зинатулло Исмоилзода: Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди муносибатҳо ва боло рафтани нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва технологияҳои муосир ВАО ва журналистика  ҷойгоҳи таъсиргузор ва шоиста дорад. Имрӯз эҳсос менамоем, ки неру ва қудрати сухан аз зӯри силоҳ болотар аст. Он таъбири машҳуре, ки «ҳар касе соҳиби иттилоот бошад,  дунёро идора мекунад»,  имрӯз татбиқи амалии худро пайдо кардааст. Дар ин росто, мебояд  кормандони ВАО аз имконот ва иқтидори дар ихтиёрдошта самаранок истифода баранд. Бо пешниҳоди маводи журналистӣ ва фаъолияти муназзами эҷодию истеҳсолӣ  тавонанд  ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати журналистика ва таъсиргузории он дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор бошанд.

АМИТ «Ховар»: Таманнои Шумо ба ҷомеаи журналистони Тоҷикистон?

Зинатулло Исмоилзода:  Қаблан тамоми ҳампешагони азизро  бо 105-солагии нашри нахустини рӯзномаи «Бухорои шариф» самимона табрик мегӯям. Орзу менамоям,  ки мурғи илҳоми ҳампешагони мо ҳамеша дар парвоз бошад, илҳоми саршор ва хомаи созандаи онҳо, ки инъикосгари ормонҳои миллии тоҷикон аст, доимо  барои офаридан ва пешниҳоди маводи журналистӣ равона карда шаванд ва барояшон дар зиндагӣ саломатӣ ва сарсабзӣ таманно дорам.

 

Марзия САИДЗОДА,

хабарнигори «Ховар»

Март 10, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад