126 нафар ба омӯхтани касбҳои қолинбофӣ, сабадбофӣ, қаннодӣ ва адрасбофӣ ҷалб гардиданд

Март 10, 2017 12:19

ВАҲДАТ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли равон бори дуюм аст, ки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат ярмаркаи ҷойҳои кориро бо иштироки  корхона ва муассисаҳои шаҳр доир мекунад.

Тибқи иттилои муовини  сардори шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат Салима Абдуллоева, аз  ҷониби 28 корхонаю муассиса 143 ҷойи корӣ пешниҳод гардид. Дар ярмарка 430 нафар шаҳрвандони корҷӯй иштирок намуда, 30 нафар барои кор роҳхат гирифтанд.

Инчунин дар соли 2017 дар филиали  муассисаи давлатии маркази таълимии  калонсолон дар шаҳри Ваҳдат ба омӯхтани касбҳои қолинбофӣ, сабадбофӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, кулолгарӣ ва ниҳолпарварӣ 126 нафар ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 89 нафарро ҷавондухтарон ва занони хонашин ташкил медиҳанд.

Март 10, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд