20 март-Рӯзи байналмилалии саодат: Дар Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд

Март 20, 2017 16:05

ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии саодат (хушбахтӣ) ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани ин ид аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади дастгирии пешниҳодҳое, ки ба хушбахтӣ ноил мегарданд ва дахлнопазирии ҳар як инсонро дар рӯи замин таъмин менамоянд, ба миён омадааст. Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо аввалин маротиба пешниҳоди таҷлили Рӯзи байналмилалии саодат (хушбахтӣ) аз тарафи Шоҳигарии Бутан ва дастгирии намояндагони зиёда аз 190 кишвари олам, ки аъзои Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, ба миён омадааст.
Хушбахтӣ, ки яке аз мақсадҳои асосии инсоният ба шумор меравад, барои таҷлил намудани ин рӯз замина гузошт. Дар робита ба ин ид аз ҳамаи кишварҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки барои беҳтар намудани некӯаҳволии ҳар як инсон шароити мусоид фароҳам оваранд.
Аз ин хотир дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Яъне фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзанда дар кишвари мо аз моддаи якуми Конститутсия сарчашма гирифта, қонунҳои алоҳида онро танзим менамоянд.
Дар моддаи панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, ки ин низ нишондиҳандаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳар як фард мебошад.
Инчунин Созмони Милали Муттаҳид аз ҳамаи давлатҳои аъзо, ташкилотҳои байналхалқию минтақавӣ ва ғайриҳукуматӣ даъват ба амал овардааст, ки Рӯзи байналмилалии саодат (хушбахтӣ)-ро бо баргузор намудани маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрванон таҷлил намоянд.
Тибқи моддаи 17-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробар эътироф гардида, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додааст. Инчунин дар банди дуюми моддаи мазкур мардон ва занон баробарҳуқуқ дониста шудаанд.
Аз ин хотир бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи сохторҳои идоракунию корхонаҳои давлатӣ яке аз роҳбарон зан таъйин карда мешавад. Зеро дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Ҳамаи ин гуфтаҳо далели онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хушбахтӣ насиби аҳли ҷомеа, бахусус занону модарон гардидааст, зеро хушбахтии зан-модар хушбахтии аҳли оила мебошад.

Март 20, 2017 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид