23 март- Рӯзи ҷаҳонии метеорологҳо. Ҷамила Байдуллоева: «80-90 фоизи пешгӯиҳои ҳавошиносон дурустанд»

Март 23, 2017 08:12

ДУШАНБЕ, 23.03.2017/АМИТ «Ховар»/. 23 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии метеорологҳо таҷлил мегардад. Ин сана аз  рӯзи қабули  Конвенсияи Созмони байналмилалии метеорологҳо,  ки  23 марти соли 1950  сурат гирифта буд,  сарчашма мегирад.  Созмони байналмилалии метеорологҳо (СБМ) —  /World Meteorological Organization, WMO/, ки ҳанӯз соли 1873 таъсис дода шудааст, 185 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро дар худ муттаҳид менамояд. Қароргоҳи  СБМ  дар шаҳри Женеваи Швейтсария воқеъ буда, аз соли 1951 инҷониб дар низоми Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид  ворид гардидааст. Самти  асосии фаъолияти СБМ ба ҷамъоварии дониш ва таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон дар асоси  таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар бахши обу ҳаво, иқлим, захираҳои обӣ,  ҳалли проблемаҳои экологӣ ва дар ин росто, таъмини бехатарии аҳолии сайёра аз ҳар гуна  офатҳои табиӣ ва дар заминаи он мусоидат ба рушди иқтисоди  ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи метеорологҳо гуфт, ки  соли равон  метеорологҳои Тоҷикистон иди касбиашонро дар рӯзҳои  ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил менамоянд.

Дар робита ба ин сана  дар Агентии обуҳавошиносии кишвар бо иштироки мутахассисон ва собиқадорони соҳа ҷамъомад доир гардида, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода  кормандони соҳаро табрик намуда, бо ифтихорнома сарфароз гардонид.  Ҷамила Байдуллоева зикр кард, ки маҳз бо шарофати  соҳибистиқлолии Тоҷикистон бахши ҳавошиносии кишвар  рушд  ёфта, имрӯз нақши ин ниҳод на танҳо дар пешгӯии вазъи обу ҳавои кишвар, балки дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти аҳолии мамлакат аз ҳар гуна раванду офатҳои табиӣ, хусусан омадани сел, фаромадани ярч, тарма, баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо  ва дигар омилҳои табиӣ муассир аст.  Ҳамзамон Ҷамила Байдуллоева таъкид кард, ки  дар доираи татбиқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ барои рушди соҳаи метеорология таҷҳизоти  муосир дастрас гардидааст, ки ҷиҳати осон намудани кори мутахассисон ва пешрафти соҳа мусоидат менамояд. Бо назардошти рушди соҳа ва дастрас намудани таҷҳизоти муосир имрӯз наздик ба 80-90 фоизи пешгӯиҳо ва мушоҳидаҳои мутахассисони бахши обуҳавошиносии кишвар доир ба вазъи обу ҳаво дуруст ва саҳеҳанд. Ҳамзамон Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ бо бархе аз вазорату идораҳои марбутаи кишвар, назири вазоратҳои нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ  бобати пешниҳоди маълумот оид ба вазъи обу ҳаво  ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Инчунин ҷиҳати ҷалби мутахассисони ботаҷриба ва баланд бардоштани касбияти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, онҳо дар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ иштирок менамоянд. Ҳамзамон Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо дигар хадамоти обуҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Россия ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монда, таҷрибаи пешрафтаи онҳоро мавриди истифода қарор додааст.

met_obs_sm Маврид ба зикр аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ се маркази обуҳавосанҷӣ дар Хатлон, Қайроққум  Хоруғ,  инчунин 56 нуқтаи ҳавосанҷӣ фаъолият дошта , дар маҷмӯъ дар онҳо беш аз 550 нафар мутахассисон  ба мушоҳида ва пешгӯии обу ҳаво, ченкунии сатҳи оби дарёҳо ва дигар самтҳои соҳа машғуланд.

Бояд тазаккур дод, ки аввалин  нуқтаи  назоратии  обуҳавосанҷӣ  дар Тоҷикистон дар соли 1866  дар шаҳри Хуҷанд  ба фаъолият оғоз намуда, соли 1921 декрети  Шӯрои  комиссариати халқ оид ба «ташкили хизмати метеорологӣ  дар қаламрави РСФСР» ба тасвиб расид , ки  барои ба вуҷуд омадани   стансияҳои пуриқтидори  обуҳавошиносӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Баъди қабули ин санади муҳим  соли  1926 дар назди комиссариати  халқии шаҳри Душанбе  бюрои гидромет  ташкил шуд ва баъдан он  раёсати  хадамоти  гидрометеорологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   асоси воқеӣ гузошт.  Бунёдгузор ва роҳбари аввалини ин идора  Н. С Трухманов буд.  То соли 1930 дар Тоҷикистон  14 стансияи ҳавошиносӣ  ва 17 дидбонгоҳи  обченкунӣ фаъолият мекарданд.

Соли 1932 дар доираи  стансияи метеорологии Душанбе нахустин  гурӯҳи обуҳавосанҷӣ иборат аз се нафар  таъсис дода шуд, ки он ба оғози фаъолияти   хадамоти обуҳавошиносӣ дар кишварамон замина гузошт. Соли 1933 нахустин раёсати   ҷумҳуриявии гидрометеорологӣ таъсис дода шуда,  дар пиряхи Федченко сохтмони расадхонаи  гидрометеорологӣ  ба истифода дода шуд.

Дар  соли 1946  дар пойтахт шабакаҳои муҷаҳҳази  мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ   созмон дода шуд, ки  қабати ҳаворо санҷида, ба таври оҷилӣ маълумот омода мекарданд. Дар ин солҳо мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ барои муайян кардани  ҳолату маҳсулнокии  зироаткории  соҳаи кишоварзӣ,  намнокии замин  сурат гирифт.  Ҳамзамон як силсила шабакаҳои гидрологӣ  ба ҷамоварии маълумот   оид ба захираҳои  оби обанборҳо, кӯлу дарёҳо  махсус гарддонида шуданд. Мушоҳидаҳои гидрологӣ  дар самти муайян намудани  сатҳ ва сарфи об, ҳарорати об, ғафсии ях  беҳтар шуда, дидбонгоҳҳои нав дар болооби кӯлу дарёҳо  ташкил гардиданд. Соли 1955  дар пойтахт бо кӯшиши мутахассисон нахустин  озмоишгоҳ- расадхонаи гидрометеорологӣ  кушода шуд.

Соли 1972 дар мақомоти обуҳавошиносии кишвар  таҷҳизоти иттилоотии  моҳвора  ворид карда шуд, ки   кори мутахассисонро осон гардонид. Инчунин барои расонидани маълумоти    фаврӣ  ва иттилоотӣ- гидрометеорологӣ  таҷҳизоти  АСПД ҳаво насб  карда шуд. Мавриди зикр аст, ки соҳаи гидрометеорологӣ дар рушди соҳаи  кишоварзӣ, муайян кардани  муҳлати кишт,  ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, лоиҳакашии биноҳо, роҳу пулҳо мусоидат менамояд.

Март 23, 2017 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт