60 фоизи обҳои ошомидании ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлид мешаванд

Март 29, 2017 16:50

ДУШАНБЕ, 29.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оби ошомиданӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар «Кохи афсарон» Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонон доир гардид.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода иброз дошт, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии СММ Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018 2028-ро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаммуаллифии 177 узви кишвари СММ қабул намуд.
«Таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла буҳронҳои иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, норасоии об, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак аз мо саъю талоши бештар ва дар ин масъала андешидани тадбирҳои заруриро тақозо мекунанд. Ибтикори мазкур раванди Даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт», солҳои 2005- 2015- ро тақвият бахшида, мақсади асосии он муҳайё сохтани механизм ва заминаи иловагӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди усувор мебошад. Ин метавонад дастрасии бештари аҳолиро ба оби нӯшокӣ ва шаффофияти экологии минтақа таъмин намояд»,- гуфт Гулрӯ Ҷабборзода.
Ба иттилои Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 60 фоизи обҳои ошомидании ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлид мешаванд.
«Миллати тоҷик фарҳанги бойи ҳифзи оқилонаи оби ошомиданиро дорад. Аз масири таърих то ба имрӯз тарбияи ахлоқии ҷавонон ба он равона шудааст, ки оби ошомиданӣ бояд тоза ва покиза нигоҳ дошта шавад. Вақте 60 фоизи оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон тавлид мешавад, ҷавононро лозим аст бо табиат муносибати оқилона намуда, онро ҳифз намоянд»,- таъкид кард Аҳтам Абдуллозода.

Март 29, 2017 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид