Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвияро ба ҳузур пазируфт

Март 7, 2017 09:31

ДУШАНБЕ, 07.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитисро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки «дар доираи меморандум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, ки онро роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар ба имзо расонидаанд, метавон ҳамкории тарафайнро боз ҳам тақвият бахшид».
Вейко Сполитис иброз дошт, ки меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, дар хориҷи дур харидорони сершумор доранд ва ба роҳ мондани содироти хушкмеваи он боиси муаррифӣ ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон хоҳад гардид.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла тариқи буҷавӣ таҳсил намудани ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Латвия мубодилаи афкор намуда, хоҳони густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, тандурустӣ, энергетика, туризм, оби нӯшокӣ шуданд ва омодагии худро барои вусъати ҳамкорӣ дар оянда баён доштанд.

Март 7, 2017 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид