Ҳаким Фузайлов: «Чунин рақобат барои мо зарур буд»

Март 25, 2017 12:11

ДУШАНБЕ, 25.03.2017/АМИТ «Ховар»/.  Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов баъди бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Баҳрайн, ки 23 март дар варзишгоҳи миллии Баҳрайн сурат гирифт ва бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамъбаст шуд, ба саволҳо ҷавоб гуфт:
Пеш аз ҳама, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои ташкил кардани ин вохӯрии дӯстона бо яке аз дастаҳои беҳтарини Осиё изҳори минатдорӣ менамоям. Фикр мекунам, ки ин вохӯрӣ пеш аз бозии расмӣ бо дастаи мунтахаби Яман дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019  барои мо як таҷрибаи хеле хуб буд. Мо имрӯз дидем, ки то кадом андоза футболбозони ҳайати асосӣ ба бозиҳо омодаанд ва ҳайати эҳтиётиро низ санҷидем. Ман аз ҳунарнамоии бозингарон қаноатмандам. Дар пеш бозии асосӣ моро бо дастаи мунтахаби Яман интизор аст.

-Назари шумо ба бозии имрӯза?

-Бозӣ барои дастаи мо саҳлу осон буд. Аз тарафи дигар дастаи мунтахаби Баҳрайн дар раддабандии ФИФА аз дастаи мунтахаби мо боло меистад. Майдон ҳам хеле олӣ буд. Ноқисие, ки дар ин ҷо ба мушоҳида расид, ин борони сахт буд, ки ба ҳунарнамоӣ халал ворид кард.

-Аз натиҷаи бозӣ  қаноатмандед?

-Натиҷа нишондиҳандаи ҳақиқии ин бозӣ буд. Мо тавонистем шаш нафарро иваз кунем.  Ин дигаркунии ҳайат мақсаднок буд ва мо хеле тез ба ивазкунӣ сар кардем, зеро ҳолати майдон дар вақти борон бад шуда буд, нахостем, ки бозингарон лат ва ё ҷароҳат бардоранд. Аз натиҷаи вохӯрӣ розием.
Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Тоҷикистон, ки 23 март, дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Риффа баргузор гардид, бо натиҷаи 1:1 ба поён расид. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов (4-ум дақиқа) ва Комил ал-Асвад ( 90+3) ба нишон расониданд.

Март 25, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод