Ғалабаи аввалини «Барқчӣ» ва бохти «Ҳосилот» дар даври сеюм

Март 20, 2017 16:23

ДУШАНБЕ, 20.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳат даври сеюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ ҷамъбаст гардид. Ғайричашмдошт «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор бар барандаи медалҳои нуқраи мавсими гузашта-«Ҳосилот»-и Фархор бо натиҷаи 2:1 ғалаба кард. Ин аввалин ғалабаи «Барқчӣ» ва аввалин бохти «Ҳосилот» дар мавсими нави футбол мебошад.
«Барқчӣ», ки асоси ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакатро ташкил медиҳад, бо нишон додани як бозии зебою рангин хотири мухлисонашро шод кард. Агар маҳорати олии дарвозабонҳои ҳар ду даста Рустам Ризоев (Ҳосилот) ва Беҳрӯз Хайриев (Барқчӣ) намебуд, мухлисон метавонистанд шоҳиди голҳои зиёде гарданд, аммо маҳз бозии хуби онҳо буд, ки натиҷа 2:1 боқӣ монд.
Хайрулло Азизов, нимҳимоятгари дастаи «Ҳосилот» тақрибан аз масофаи 30-метр, дар дақиқаи 17-ум бо зарбаи сахту устувор ҳисобро боз кард. Баъд аз 10 дақиқа Шаҳром Самиев, ки аз дастаи «Помир» ба «Барқчӣ» гузаштааст, нахустин голи худро дар бозиҳои Лигаи олӣ ба самар расонида, натиҷаро мусовӣ кард. Дар дақиқаи 81-ум голи Ваҳдат Ҳанонов тавонист ғолибиятро ба дастаи «Барқчӣ» ихтисос диҳад ва ин даста аввалин се холи худро ба даст овард.
Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт КМВА «Помир» бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд вохӯриашонро мусовӣ -0:0 анҷом доданд. Дар дақиқаи 15-ум футболбозони шаҳри Хуҷанд зарбаи пеналтии 11-метраро ба ҳадаф расонида натавонистанд. Дилшод Бозоров тӯбро ба сутуни дарвоза зад.
«Чемпиони Тоҷикистон -«Истиқлол»-и Душанбе низ дар ин давр дар майдонаш бо «Регар-ТадАЗ» натиҷаи мусолиҳатомези 0:0-ро ба даст овард.
Дар бозии чоруми даври сеюм дастаи нави Лигаи олӣ -«Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бар намояндаи дигари вилояти Хатлон- «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, соҳиби аввалин ғалаба дар чемпионат гардид. Голи ягонаро дар дақиқаи иловагӣ Сорбон Авғонов (90+3) ба нишон расонид.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи Олӣ
Даври 3
«Истиқлол» «Регар-ТадАЗ» 0:0
Огоҳонида шуданд: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Азим Тошев, Алишер Шарифов, Бахтиёр Чориев, Саидхони Амрохон («Регар-ТадАЗ»).
Бозингари беҳтарин: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»)
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
18 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.
«Барқчӣ» «Ҳосилот» 2:1
Голҳо: Хайрулло Азизов, 17 (0:1). Шаҳром Самиев, 27 (1:1). Ваҳдат Ханонов, 81 (2:1).
Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров, Шаҳром Самиев, Мӯҳсинҷон Парпиев, Зиёвуддин Фузайлов («Барқчӣ»), Ойбек Абдуғаффоров, Саидалии Сафаралӣ, Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).
Бозингари беҳтарин: Ваҳдат Ҳанонов («Барқчӣ»)
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
18 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

КМВА «Помир» «Хуҷанд» 0:0
Пеналтии бенатиҷа: Дилшод Бозоров («Хуҷанд») сутуни дарвоза
Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзохон (ССКА «Помир»), Дилшод Каримов, Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).
Бозингари беҳтарин: Дилшод Додобоев («Хуҷанд»)
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

18 март. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

19 март (якшанбе)
«Вахш» «Панҷшер» 0:1
Муаллифи гол: Сорбон Авғонов 90+3.

Огоҳӣ гирифтанд: Холмурод Назаров, Хуршед Бекназаров («Вахш»), Абдухалил Боронов, Сорбон Авғонов, Алишери Ҳотам («Панҷшер»).
Бозингари беҳтарин: Сорбон Авғонов («Панҷшер»)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Душанбе, Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 3 2 0 1 6-3 6
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 1 2 0 2-1 5
3 «Истиқлол» (Душанбе) 2 1 1 0 6-0 4
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 3-2 4
5 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 3 1 1 1 2-4 4
6 «Барқчӣ» (Ҳиссор) 3 1 0 2 2-8 3
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 0 2 0 0-0 2
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3 0 1 2 0-3 1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») 2-тӯбӣ.

Март 20, 2017 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд