Ҷамбасти озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар «Боғи Ирам»-и пойтахт

Март 22, 2017 10:46

ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром ба хўрокҳои миллӣ, аврупоӣ ва меҳнати истеҳсолкунандаи молу маҳсулот дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кадбонуҳои бехтарин аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз рўи шартҳои таомҳои миллӣ ва хўришҳои гуногунро  ба маърази тамошо гузоштанд. Аъзоёни ҳакамон ба ҳунари волои кадбонуи  босалиқа баҳои баланд дода, ҷойи якум насиби ноҳияи Ҷалоллидини Балхӣ, ҷойи  дувум насиби ноҳияи Варзоб ва ҷойҳои сеюму чорум насиби шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рўдакӣ гардида, ғолибон бо Сипосномаву ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ  қадрдонӣ гардиданд.
Тавре баргузоркунандагони ини чорабинӣ хабар доданд, мақсад аз баргузории намоиши мазкур муаррифӣ ва эҳёи  навъҳои гуногуни хўрокҳои миллӣ мебошад.

Март 22, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид