«Арӯси наврӯзӣ» — озмун дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Март 2, 2017 17:22

ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарбияи донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи худшиносию илмомӯзӣ, одоби оиладорӣ, ҳамчунин сайқал додани маҳорати ҳозирҷавобӣ, кадбонугиву рӯзгордорӣ ва оиладорӣ имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни донишкадавии «Арӯси наврӯзӣ» баргузор шуд.

Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар озмун донишҷӯдухтарони 6 факултет ва шуъбаи магистратура иштирок доштанд. Духтарон аз рӯи шартҳот  намоиши либоси наврӯзӣ, соҳибхонагӣ, кадбонугӣ, ҳозирҷавобӣ ва соҳибҳунарӣ маҳорати худро нишон доданд. Онҳо бо намоиш додани либосҳои миллии қадимӣ ва муосир, омода кардани хӯришҳои наврӯзӣ, ҷавоб додан ба саволҳои марбут ба устувории оила ва рӯзгордорӣ, ҳамчунин аз таърихи ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он байни ҳам сабқат карданд.

Духтарон тамоми маҳорату кордонӣ, назокату фаросат ва донишашонро ба ҳозирин намоиш доданд. Дилноза Шавкатзода аз шуъбаи магистратура ҷои аввалро сазовор гашта, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифт.

Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил озмунҳо барои баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон мусоидат менамояд.

 

Март 2, 2017 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд