Артиши давлати Сурия ба шаҳри Палмира ворид шуд

Март 2, 2017 10:49

Хабарҳои мавзӯъ

Палмира

ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе артиши давлати Сурия бо ҳуҷум қалъаи амир Фахриддинро дар даромадгоҳи ғарбии шаҳри Палмира зери назорат гирифт. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба гузориши шабакаи телевизионии «Ал-Манор» хабар медиҳад.
Бино ба гузориши шабака, неруҳои ҳукуматӣ ҳамчунин ситоди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон), ки дар яке аз теппаҳои дарбори Қаср-ал-Қутрий дар ҷанубу ғарбии атрофи шаҳр воқеъ буд, тасарруф намуданд.
Тибқи гузориш, муқобилияти «Давлати исломӣ» шикаст дода шуда, душман ҳаросон ақибнишинӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, як сол қабл ҳуҷум ба қалъаи қадимӣ дар даромадгоҳи Палмира, ки дар асри 18 аз ҷониби амири лубнонӣ Фахриддин ал-Маънӣ сохта шуда буд, чанд рӯз идома кард. Қалъа дар канори теппа ҷойгир буда, ба макони фатҳнопазир табдил ёфта буд. Ба артиши Сурия муяссар гардид, ки ин мавқеи муҳимро 25 марти соли 2016 зери назорат гирад. Пас аз ду рӯз онҳо вориди шаҳр гардида буданд.
Дар амалиёти озоднамоии шаҳр қувваҳои кайҳонӣ-ҳавоии Федератсияи Россия низ, ки ба мавқеъҳои ДИ зарбаҳои нишонрас зада буданд, саҳм гузоштанд. Ҳамчунин низомиёни Россия димнаҳои маъруфи Палмираи қадимаро аз минаҳо тоза карданд.
Вале, моҳи декабри соли гузашта «Давлати исломӣ» Палмираро дубора забт кард.

Март 2, 2017 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист
siriya-detyДар Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд
IranШумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид