Артиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард

Март 18, 2017 13:35

Хабарҳои мавзӯъ

siriya

ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Артиши Сурия фармондеҳи саҳроии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба хабаргузории эронии «Форс» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, фармондеҳи саҳроии ДИ бо номи Абуҳомид ал-Суҳни зимни ҳамлаи артиши Сурия ба минтақаҳои биёбонии қисмати шарқии музофоти Ҳумс кушта шудааст. Соли 2015 ӯ шахсан амали террористонро дар нест кардани ёдгориҳои таърихии Палмираи (Тадмори) қадим роҳбарӣ менамуд.
Тибқи иттилои агентии «Форс», амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи Палмира идома дорад. 16 март артиши Сурия ба самти Бадия аш-Шарқӣ пеш рафта, баландии Ҷабал ал-Мазорро зери назорат гирифтааст. Зимни муҳорибаҳо даҳҳо террористон маҳв ва маҷрӯҳ гардидаанд.

Март 18, 2017 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист
siriya-detyДар Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд
IranШумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид