Арзи сипоси Рустами Эмомалӣ ба аҳли фарҳанг

Март 22, 2017 12:08

ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 21 марти соли 2017  бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» тантанаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикотӣ кулли ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза таҳният гуфтанд.
Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои театрикунонидашудаи устодони ҳунар ва ҳаваскорони ҷавони санъат, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ мебошад, ҷараён гирифт ва бо мушакпарронии идона  аз ҳафт бурҷи шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Ба хотири дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ омода ва пешниҳод намудани тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба аҳли фарҳанг, бахусус ба эҷодкорону санъаткорон, коргардону дизайнерон, продюссеру қаламкашон, ҳунармандону ҳаваскорон, овозхонону ромишгарон,  дорбозону варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки дар ба таври пуршукӯҳ  ҷараён гирифтани барномаи рангину пурмуҳтавои фарҳангӣ саҳми арзанда гузоштанд ва сарфи назар аз номусоидии обуҳаво бо маҳорати баланди ҳунариву касбӣ онро пешкаши сокинони сершумори пойтахт ва меҳмонони дохилу хориҷи кишвар карданд, арзи сипос намуд.

Март 22, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд