«Аз Наврӯз то Наврӯз»: Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ аз толори махсуси туҳфаҳои Пешвои миллат дидан намуд

Март 30, 2017 16:31

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳар сол намоиши анъанавӣ таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад. Намоиши имсола 18 март оғоз гардид ва то 10 апрели соли равон идома меёбад.
Дар намоиши мазкур ёдгориҳо ва асарҳои дар давоми як сол ба фонди Осорхона воридшуда ба намоиш гузошта шудаанд.
Абдувалӣ Шарифзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аз Наврӯзи соли гузашта то Наврӯзи имсола ба фонди Осорхона 1864 адад намунаи мероси гуногуни таърихӣ ворид гардид, ки аз ин миқдор 1329 адади он тавассути комиссияи алоҳида харидорӣ шуда, 375 — тои он ба Осорхона ҳадя гардида, 160 осори таърихӣ зимни ҳафриёти бостоншиносӣ аз ҷониби мутахассисони Осорхона кашф гаштаанд.
«Дар давоми як соли сипаришуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фонди Осорхона 8 сози миллии мусиқӣ, як гулдӯзии калон, як зарфи минокоришуда ва мусаввараи «Дар соҳили баҳр»-ро эҳдо намуданд»,- гуфт А.Шарифзода.
Ҳамзамон дар соли сипаришуда аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхона 14 адад варақи чармии матни куфидор, 1 адад сиккаи тиллоии Россия (барориши соли 1899), сигормони заррини солҳои 1916-1917, 2 офтобаи мисии аввали асри ХХ, 2 адад зеби гардани занона, 2 адад ҷомаҳои адраси асримиёнагӣ, 1 адад фаранҷӣ ва дар асоси Амри Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати молияи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 12 адад сиккаи кушонӣ (яктоаш тиллоӣ) ворид гардиданд.
Тавассути фаъолияти кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар давоми як соли сипаришуда як дафинаи бузурги сиккаҳои нуқрагии асрҳои IX-X, сиккаҳои тиллоии асрҳои XV- XVI, китоби дастнависи «Қуръон», «Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ, китоби «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, китоби дастнависи «Маъориҷу-н-мубавват фи мадоризи-л- футувват», китоби «Ақоиди насафӣ», мусавварҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзода — «Бо иқдоми хуршед», «Сукути лолазорҳо», «Паррончакҳои Симурғ», «Гунаҳкори бегуноҳ» (аз силсилаи қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ), асари сегонаи Карим Наҷмиддинов «Эҳё» ва дигар осор ҷамъоварӣ шуданд.
Тавре А.Шарифзода, директори Осорхона зикр кард, дар рӯзҳои наврӯзӣ аз намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз» зиёда аз 13000 нафар дидан карданд. Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо дар як рӯз ҳудуди 3-4 ҳазор нафар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан мекунанд. Дар рӯзҳои маъмулӣ наздики 500 нафар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Осорхона меоянд, ки агар бо солҳои пешин онро муқоиса намоем, сафи тамошобинон сол то сол меафзояд. Махсусан сафи тамошобинон аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Хотиррасон менамоем, ки Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июли соли 2011 таъсис ёфта, масоҳати он 24000м2 ро ташкил медиҳад, ки 15 000 м2 он барои экспозитсия пешбинӣ шудааст.
Осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд ва теъдоди онҳо 48 ҳазорро ташкил медиҳад, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: шуъбаҳои табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд.

Март 30, 2017 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст