Ба хабарнигорони воситаҳои ахбори ВМКБ ба шарафи Рӯзи матбуот ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карданд

Март 11, 2017 11:02

ХОРУҒ, 11. 03 2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ВМКБ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

Дар мулоқот бо хабарнигорон муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекзода аз нақши матбуот дар зиндагӣ ва рӯзгори мардум ҳарф зада, гуфт, ки «матбуот ҳамчун пул миёни мардум ва ҳокимияти давлатӣ хизмат мекунад. Ҳар мушкиле, ки барои сокинони  вилоят пеш меояд, ба кормандони воситаҳои ахбори омма муроҷиат мекунанд ва онҳо ҳукумати маҳаллиро аз ин мушкил огоҳ месозанд. Ман боварӣ дорам, ки ин рисолати худро ВАО минбаъд низ сарбаландона иҷро хоҳанд кард. Касби хабарнигорӣ аз шахс масъулияти бузург талаб мекунад ва ҳар касе агар ин касбро интихоб мекунад, бояд аз ҳар ҷиҳат донову забондону забоншиносу  ҷаҳонбинияш васеъ бошад. Баръакси ҳол дар шуғли худ муваффақ намегардад».

Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд. Айни ҳол теъдоди зиёди нашрияҳои чопӣ, телевизиону радиоҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъол буда, барои огоҳ намудани ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз мавҷудияти воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа ба ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намоянд.

Муовини раиси вилоят ба як гурӯҳ хабарнигорони рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», рӯзномаҳои шаҳрӣ, навоҳии ВМКБ ва собиқадорони соҳаи рӯзноманигорӣ Ифтихорномаи раиси вилоят ва мукофоти пулӣ тақдим кард.

Март 11, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад