Ба нархи барқ тағйирот ворид карда шудааст, вале он ба аҳолӣ дахл надорад

Март 15, 2017 12:23

ДУШАНБЕ, 15.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Баъзе аз воситаҳои ахбори омма иттилоъ доданд, ки гӯё нархи барқ дар Тоҷикистон боз баланд бардошта шуда бошад.
Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» аз масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» хоҳиш намуд, ки ин қазияро шарҳ диҳанд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти ин ниҳод иброз намуд, ки нархи барқ барои аҳолӣ тағйир наёфтааст ва ин хабар асос надорад. Ба иттилои Нозирҷон Ёдгорӣ, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 ба нархи барқ тағйирот ворид карда шудааст, вале он ба соҳаҳои буҷет, нақлиёти барқӣ, инчунин насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ дахл дорад.
«Нархи барқ барои аҳолӣ бетағйир буда, ба ҳар киловатт/соат бо назардошти ААИ — 14,65 дирамро ташкил медиҳад»,- илова намуд Ёдгорӣ.
Бояд зикр намуд, ки тарифҳои неруи барқ дар ҷумҳурӣ солҳои охир тадриҷан боло мераванд. Ин ҳолат ба он вобаста аст, ки дар низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, таҷдиду замонависозии иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди инфрасохтори энергетикӣ корҳои зиёд ба сомон расонда мешаванд.
Албатта, ин кор барои низоми энергетикӣ ногузир аст, зеро хароҷоти истеҳсолии ширкат пурра рӯпуш намешавад. Илова бар ин, тайи солҳои охир арзиши қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоту маводе, ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолии низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа харидорӣ карда мешаванд, ба маротиб афзоиш меёбад.
Ҳамзамон ШСХК «Барқи Тоҷик» энергияи барқро аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» бо тарифи 20,1 дирам ва аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-2» бо тарифи 25,6 дирам барои 1 кВт.соат аз шинаҳо харидорӣ намуда, бо назардошти хароҷоти технологӣ барқи фоиданокро ба истифодабарандагон бо тарифи миёнаи солонаи 11,95 дирам (бо назардошти ААИ) ба фурӯш мебаровард.
Тарифи неруи барқе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, нисбат ба тарифи неруи барқи давлатҳои дигари узви ИДМ хеле арзон мебошад. Барои мисол, тибқи маълумоти расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, дар соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ дар Ӯзбекистон 3,9 сент, дар Россия 4,59 сент, дар Озарбойҷон 3,3 сент, Арманистон 8,38 сент, Беларус 10,93 сент, Молдова 8,91 сент ва Украина 6,52 сентро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон нархи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ 1,51 сентро ташкил медод.
Нархи баркИмрӯз дар Тоҷикистон нархи 1 кВт.соат энергияи барқ барои аҳолӣ 1,86 сентро ташкил медиҳад.
Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар неругоҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл баробари дигар хароҷот-таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ, ҳатто барои об ҳам пул сарф мегардад. Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати «Барқи тоҷик» аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо то 35 млн. сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад. Илова бар ин, ташхиси ҳолати техникии иншооти барқии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи ширкати олмонии «Fichtner» (Фихнер) дар соли 2011 гузаронида шудааст, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани неругоҳҳои Норак, Қайроққум, силанеругоҳҳои Вахш ва Варзоб, инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад. Аз рӯи нақша танҳо барои таҷдиди неругоҳҳо дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои таҷдид дар асоси меъёрҳои техникии байналмилалии муҳлатҳои кафолатии истифодаи таҷҳизоти асосии неругоҳҳо таҳррезӣ гардидааст. Барои неругоҳҳои барқи обӣ ин муҳлати кафолатии истифодаи бехатари таҷҳизоти асосӣ 40 сол муайян карда шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои «Норак»- солҳои 1972-79, «Сарбанд»-солҳои 1962-63,» Қайроққум»-солҳои 1956-57, «Варзоб-1»-соли 1936, «Варзоб-2»-соли 1949, «Варзоб-3»- соли 1952 ба истифода дода шудаанд.
Андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба таҷдид ва аз нав барқарор намудани онҳо барои таъмини бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ зарур аст. Паст будани тарифи неруи барқ, ки хароҷотро намепӯшонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ душвор мегардонад.
Ёдовар мешавем, 30 январи соли равон дар ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю оид ба як қатор масъалаҳои соҳа ибрози назар намуда, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки тарифи нархи барқ дар Тоҷикистон баланд бардошта шавад.
Таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд бовар доранд, ки нархномаҳои неруи барқ бояд арзиши пурраи низоми энергетикиро инъикос кунанд. Ин истифодабарандагонро водор месозад, ки неруи барқро самаранок истифода баранд.
Таҳлилгарони бонк зикр мекунанд, ки арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон то соли 2007 дар сатҳи бисёр паст қарор дошт. Новобаста ба он ки аз он давра нархи он зина ба зина афзоиш ёфт, ҳоло ҳам нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон аз арзиши пешниҳодгардида поёнтар буда, дар ҷаҳон аз ҳама пастттарин боқӣ мемонад.

Март 15, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Дарвоз се оила сазовори ҷойҳои намоён шуданд
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
Дар шаҳри Гулистон ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти хосса дода мешавад
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб мулоқот доир шуд
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Сарвари давлат: «Нагузорем, ки шаҳрвандон ва фарзандонамон бозичаи дасти гурӯҳу қувваҳои манфиатҷӯ гарданд»