Бахшида ба Наврӯз дар шаҳри Норак овезаҳои ҷашнӣ насб мешаванд

Март 16, 2017 11:49

НОРАК, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил  намудани   Наврӯзи байналмилалӣ ва пешвоз гирифтани Соли ҷавонон  кормандони  Муассисаи давлатии  шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории  шаҳри Норак кӯчаю хиёбонҳои  шаҳрро рубӯчин карда, дар назди биноҳои баландошёна бахшида ба 150 рӯзи ободонӣ ҳашарҳои умумӣ ташкил менамоянд.

Сардори муассисаи мазкур Субҳон Ҷураев иброз намуд, ки  «тоҷикон аз азал мардуми меҳмоннавозу дастурхондор, ватандору ободкор ҳастанд. Аз ин ҷост, ки барои тозагии шаҳр ва ботантана ҷашн гирифтани Наврӯзи Аҷам корҳои ободонию хуррамгардониро вусъат дода, то имрӯз 5060 метри кубӣ партовҳои маишӣ ва хасрӯбаҳо аз қаламрави шаҳр бароварда шуданд».

Дар маркази шаҳр гӯшаю овезаҳои диққатҷалбкунанда насб карда шуда, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ идома дорад.

Март 16, 2017 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»