Байни Тоҷикистону Покистон ҷаласаҳои гурӯҳи кории муштарак доир шуданд

Март 16, 2017 14:18, 214 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Дар шератон Вазири Энергетикаи Покистон (9)

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба нафту газ ва ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор байни Тоҷикистону Покистон баргузор гардиданд.
Тавре ки мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласаҳо хабар дод, ҳайати Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва ҳайати Покистонро Вазири федеролии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф роҳбарӣ намуданд.
Зимни ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба нафту газ байни Тоҷикистону Покистон имкониятҳои вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, фаъолгардонии муносибатҳо байни ҷамъиятҳои тоҷикистонӣ ва покистонӣ дар самти истихроҷ, коркард ва воридоти нафту газ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологӣ-геофизикӣ дар майдонҳои нафту газдори қисми ҷанубу ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон, таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти нафтии аълосифат ва маҳсулоти ниҳоии аз нафт бадастовардашуда ва бо назардошти таҷрибаи бойи ҷонибҳо омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва такмили ихтисоси касбии мутахассисон муҳокима гардиданд.
Дар доираи ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор татбиқи дастовардҳо аз натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар, ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои энергетикӣ ва инфрасохтор, аз ҷумла вусъат бахшидани ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи саривақтии лоиҳаи минтақвии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», хусусан сохтмони хати интиқоли барқи Сангтӯда-Новшераи Покистон бо дарозии умумии 750 км, ки яке аз қисматҳои муҳими Лоиҳаи «CASA-1000» ба шумор меравад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баробари ин ҳамчунин имконияти сохтмони хати интиқоли барқи иловагии 500 кВ «Тоҷикистон-Покистон», самтҳои эҳтимолӣ ва паҳлӯҳои иқтисодию техникии он муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда дар самтҳои энергетика ва нафту газ бо роҳи тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд ҳамкориро идома диҳанд.

 

Март 16, 2017 14:18, 214 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ВИва Савдо (4)Натиҷагирии лоиҳаҳои сармоягузории Бонки Осиёии рушд дар соли 2016
БМТ-вохури бо СММ Хонгчу ХамМуҳокимаи вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар дар Бонки миллии Тоҷикистон
Сармоягузорони араб ба кадом самтҳо таваҷҷуҳи бештар дорандСармоягузорони араб ба кадом самтҳо таваҷҷуҳи бештар доранд?
Ҷалби ширкатҳои бузурги Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика баррасӣ шудҶалби ширкатҳои бузурги Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика баррасӣ шуд
текстильШиркатҳои дӯзандагии Тоҷикистон роҳҳои афзалиятноки фурӯши яклухтро меомӯзанд
Дар Тоҷикистон бизнес форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид 1Дар Душанбе бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид
БМТ Металор r_1Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати «Металор» шартномаи ҳамкорӣ имзо кард
32805101740_a451dbc7bc_zАз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад
32805101740_a451dbc7bc_zЭмомалӣ Раҳмон: «Тавсеа ёфтани ҷуғрофияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ иқтидор ва аҳамияти геостратегии онро дучанд боло бурд»
32805101740_a451dbc7bc_zПешвои миллат татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро, ки нахустин пули барқӣ миёни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шинохта шудааст, амри саривақтӣ номид
PutВ. Путин: «Россия ва Тоҷикистон ҳамкории тиҷоратиро бояд фаъолтар созанд»
Минэкономика РТБаррасии сатҳи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Австрия дар Душанбе