Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен

Март 27, 2017 17:31

ДУШАНБЕ, 27.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба фарорасии биступанҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сарфарозам ба Шумо табрикоту муборакбодии самимонаи хешро ирсол дорам.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рӯ ба густариши бемайлон ниҳода, муносибатҳои байнидавлатии мо бо такя ба усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ба ҳамдигар ва эҳтироми мутақобила ба сатҳи назаррас расидаанд.

Мо ба ояндаи неки робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Австрия итминон дорем ва изҳори умедворӣ менамоем, ки ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар минбаъда низ идомаи босамар хоҳанд ёфт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Австрия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».

Март 27, 2017 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон