Боз 64 килограмм маводи нашъадор ба оташ кашида шуд

Март 30, 2017 16:33

ХОРУҒ, 30.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони прокуратура, суд ва воситаҳои ахбори омма беш аз 64 килограмм маводи мухаддирро ба коми оташ андохтанд. Муовини сардори Раёсати мазкур Тиллобек Одинабеков ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин маводи мухаддир дар давоми сол аз 15 шаҳрванд мусодира гардида, нисбат ба ин шахсон парвандаи ҷиноӣ боз  ва баъди анҷоми тафтишот ба суд фиристонда шуд. Суд дар ҳаққи нашъаҷаллобон ҳукм содир карда, онҳоро ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намуд.

Бояд зикр кард, ки як сол пеш дар бухории махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 85 килограмм анвои мухталифи маводи мухаддир нобуд карда шуд. Дар давоми се моҳи соли равон  аз тарафи ниҳодҳои марзбонию қудратӣ 23 ҳодисаи марбут ба муомилоти ғайрқонунии маводи нашъадор ошкор ва зиёда аз 103 килограмм маводи мухаддир мусодира шуд.

Дар робита ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд ва ҳоло тафтишот идома дорад.

 

Март 30, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд