Буҳрони гуманитарӣ дар чор кишвари Африқо дар таърихи мавҷудияти СММ калонтарин маҳсуб мешавад

Март 11, 2017 14:47

Хабарҳои мавзӯъ

Afrika-OON

ДУШАНБЕ, 11.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Буҳрони гуманитарӣ дар чор кишвари Африқо-Яман, Нигерия, Сомали ва Судони Ҷанубӣ дар таърихи мавҷудияти СММ аз соли 1945 калонтарин маҳсуб мешавад. Дар ин бора 10 март муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ Стивен О’Брайен дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин ташкилоти ҷаҳонӣ изҳор дошт.
«Мо дар марҳилаи бисёр сангини таърихӣ қарор дорем. Аз оғози сол, алакай мо ба буҳрони калони гуманитарӣ дучор шудем. Ҳоло беш аз 20 миллион нафарро дар чор кишвар гуруснагӣ таҳдид мекунад. Бидуни кӯшишҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ одамон ба осонӣ аз гуруснагӣ мемиранд, бисёри дигар аз бемориҳо азият кашида, ҳалок мегарданд», — гуфт О’Брайен.
Ӯ огоҳ намуд, ки агар ҷомеаи байналмилалӣ раванди мазкурро дар ҳудуди ин чор кишвар нодида гирад, он гоҳ ҷаҳонро мавҷи нави гурезагон таҳдид мекунад, ки «дар бисёр минтақаҳо боз ноамниҳои зиёде ба бор мерад». Ба гуфтаи ӯ, СММ нақшаи гузаронидани амалиёти гуманитариро дар Яман, Нигерия, Сомали ва Судони Ҷанубӣ дорад.
Тавре О’Брайен иттилоъ дод, татбиқи ин нақша давоми панҷ моҳи оянда 4,4 миллиард доллари ИМА-ро тақозо мекунад.
2 х бо акс

Март 11, 2017 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд