Бунёди боғу токзори нав дар Ҳисор

Март 22, 2017 08:50

ҲИСОР, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар заминҳои лалмии шаҳри Ҳисор дар масоҳати 603 гектар боғу токзори нав бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Ҷаббор Мусофиров иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар майдони беш аз 150 гектар боғу токзори нав бунёд ёфтааст. Тибқи нақшаи «Барномаи рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дар масоҳати ду ҳазору нуҳсаду шасту шаш гектар боғу токзори нав бунёд мешавад. Бунёди боғу токзор имкон медиҳад, ки  дастурхони мардум серу пур ва иқтидори содиротии мамлакат афзун гардад.

Март 22, 2017 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд