Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш: “Паёми умумии Наврӯз ҳамбастагӣ, сулҳ, дӯстӣ, шаъну шарафи инсон ва шукуфоӣ мебошад”

Март 23, 2017 09:22

ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷаласаи ботантана баргузор гардид. Дар ин маросим намояндагони доимии кишварҳои аъзои СММ, роҳбарияти СММ ва ниҳодҳои мухталифи он, шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими шаҳри Ню-Йорк ҳузур доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ  ҶТ хабар доданд.
Бино ба иттилои вазорат, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар паёми табрикотии худ аз эҷодиёти шоири барҷастаи тоҷик Носири Хусрав иқтибос оварда, таъкид намуд, ки “паёми умумии Наврӯз ҳамбастагӣ, сулҳ, дӯстӣ, шаъну шарафи инсон ва шукуфоӣ мебошад”.
«Мардуми кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро ҳамчунин Раиси Маҷмаи Умумӣ Питер Томсон ва Роҳбари Дафтари ЮНЕСКО дар Ню-Йорк аз номи Директори генералии он созмон табрик намуданд», — омадааст дар хабарномаи вазорат.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳамчунин иштирокдорони ҷаласаро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов муборакбод намуд. Намояндаи доимии Тоҷикистон аҳамияти байналмилалии ҷашни бостонии Наврӯзро ҳамчун қосиди сулҳ, дӯстӣ ва ҳамсозӣ таъкид намуд. Иштирокчиён инчунин аз тамошои филми мустанади “Наврӯзи Тоҷикистон” баҳравар гардиданд.

Март 23, 2017 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд