Дар ҳамаи идораву муассисаҳо ва мақомоти маҳаллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил мешавад

Март 29, 2017 14:22

ДУШАНБЕ, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чаласаи фаврии назди Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед баргузор гардид. Дар он барқароркунии оқибатҳои офатҳои табиии бар асари боришоти рӯзҳои охир дар вилоят рухдода ва пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯи иттилои сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят Наим Мираков то соати 09:05-и субҳи 28 март бар асари фаромадани сел дар километри 461-уми ҳудуди деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ, ки як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма-Қароқурум ба ҳисоб меравад, роҳ маҳкам шуда, ҳаракати нақлиёт муваққатан қатъ гардидааст. Ба ҷойи ҳодиса техникаҳои роҳнигоҳдорӣ сафарбар гардида, тозакунии роҳ идома дорад.
Ҳамчунин дар километри 24-уми роҳи самти Хоруғ-Ишкошим дар ҳудуди деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон тарма фаромада, ҳаракат дар роҳи наклиётгардро қатъ намудааст. Фаромадани тарма ҳамчунин дар километри 8-уми самти Хоруғ-Роштқалъа дар ҳудуди деҳаи Куртсбогени ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта шудааст.
Дар айни ҳол роҳи самти Хоруғ-Роштқалъа бо ҷалби техникаи зарурӣ дар фурсати кӯтоҳтарин кушода гардида, ҳаракати мунтазами нақлиёт дар ин самт таъмин карда шуд.
Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Ҷумъа Ҷумъаев иттилоъ дод, ки шаби 28 март дар мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 хона қисман хисороти молӣ дидаанд. Қайд гардид, ки истиқоматкунандагони хонаҳои зарардида дар хонаҳои хешу таборашон муваққатан ҷойгир карда шудаанд.
Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки то ҳадди имкон атрофи хонаҳои зарардидаро аз барфу тарма тоза намоянд. Ҳамчунин дар байни сокинони шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд, то мардум ба хатарҳои эхтимолӣ аз оқибатҳои офати табиӣ омодагӣ дида, ба таҳлука наафтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати таъмини сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бо маводи озуқавории мавриди ниёзи аввал ва дастрасии маскунони деҳоти дурдасти ноҳияи Шуғнон бо хӯроки чорво ба масъулин супоришҳои муайян дода шуданд. Барои дар фурсати кӯтоҳтарин тоза намудани кӯҳпораҳое, ки дар ҳудуди водии Бартанг ба қайд гирифта шудаанд, масъулини Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди вилоят дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати мудофиаи кишвар имрӯз, 29 март гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Раиси вилоят тавассути чархбол маводи мавриди ниёзи аввалро ба водии Бартанг интиқол дода, дар бозгашт нафароне, ки ба табобат ниёз доранд, ба беморхонаи вилоятӣ оварда хоҳанд шуд.
Бояд зикр намуд, ки айни ҳол 4 адад техникаи роҳнигоҳдорӣ барои ҳарчи зудтар тоза намудани роҳи водии Бартанг сафарбар гардидаанд.
Ҳамчунин Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки бо сабаби тӯлонӣ омадани зимистони имсола дар деҳоти дурдасти Веру Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон камчинии хӯроки чорво ба қайд гирифта шудааст. Ба хотири дастгирии сокинони ин деҳоти дурдаст ва пешгирии талафоти чорво дар суҳбати телефонӣ бо муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода масъалаи аз навоҳии Ёвону Ҳамадонии вилояти Хатлон дастрас намудани хӯроки чорво ҳал гардид.
Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки то 8 апрели соли равон, ки тибқи пешгӯии мутахассисони Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ боришоти беисти борони омехта бо барф дар назар аст, дар ҳамаи идораву муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шавад.

Март 29, 2017 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд