Дар Беларус Олимпиадаи байналхалқии санъат баргузор мегардад

Март 15, 2017 16:32

ДУШАНБЕ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Беларус хоҳишмандонро барои иштирок дар Олимпиадаи байналхалқии санъат «Куршинале-2017», ки баргузории он моҳи июли соли равон дар ин кишвар дар назар дошта шудааст, даъват менамояд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Олимпиада эҷодкорону санъаткорон ва гурӯҳҳои эҷодӣ новобаста ба синну сол аз кишварҳои гуногун, аз қабили Беларус, Россия, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.
Мақсади асосии чорабинӣ муттаҳид гардонидани аҳли санъат ва фарҳанги халқҳои гуногун, оммавӣ гардонидани санъати ҳар як халқу миллати иштирокчии он мебошад.
Олимпиада дар номгӯи гуногун, ба мисли вокал, намоиши театрӣ, санъати тасвириву графикӣ, ҳайкалтарошӣ, адабиёт ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки дархостҳо барои иштирок дар даври асосӣ дар Олимпиада то санаи 31 марти соли 2017 қабул карда мешаванд.

Март 15, 2017 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд