Дар Кобул бар асари ҳамлаи ҷангиён ба беморхона беш аз 30 нафар қурбон шуданд

Март 9, 2017 12:15

Хабарҳои мавзӯъ

afganistan

ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кобули Афғонистон бар асари ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба беморхона беш аз 30 нафар қурбон шуданд. Дар ин бора агентии «Франс Пресс» бо истинод ба котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Афғонистон генерал Давлат Вазирӣ хабар дод.
«Мутаассифона, бар асари ҳамлаи имрӯза беш аз 30 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 50 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Аксарияти қурбониён ва ҷароҳатбардоштагонро беморон ва табибони беморхона ташкил медиҳанд», — гуфт Вазирӣ.
Субҳи 8 март гурӯҳи одамони мусаллаҳ, ки дар тан либоси табибӣ доштанд, ба беморхонаи ба номи Сардор Муҳаммад Довудхон, ки дар маҳаллаи дипломатии пойтахти Афғонистон, дар наздикии сафоратхонаи ИМА воқеъ аст, ҳамла овард. Аввал яке аз террористон худро дар баромадгоҳи беморхона тарконд ва баъдан се террористи дигар ба ҳудуди он даромада, ба ҷониби одамони дар он ҷо қарордошта оташ кушодаанд. Ҷангиён автомат ва норинҷакҳои дастӣ истифода кардаанд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифт.

Март 9, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд
ООН-1СММ аз ҷонибҳои даргир дар Афғонистон даъват кард, ки ба ҳалокати кӯдакон роҳ надиҳанд