Дар Конибодом даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст шуд

Март 4, 2017 12:44

ХУҶАНД, 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Конибодом даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур занону бонувони ҳунарманд аз ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, коллеҷу литсейҳои касбӣ иштирок намуда, маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ҳадаф аз ташкили озмун, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумиву хӯрокҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, он аз рӯи 6 шарт байни бонувони соҳибҳунари шаҳр гузаронида шуд.

Дар ҷараёни озмун кадбонуҳо бо маҳорати хуб ва услуби хоса ҳунарҳои худро дар пазандагиву ороишоти хони идона пешкаши ҳозирон доштанд.

Дар ҷамъбаст байни ташкилоту муассисаҳо — беморхонаи марказӣ, байни ҷамоатҳои деҳот — Ҷамоати деҳоти ба номи А. Лоҳутӣ ва байни коллеҷҳо — коллеҷи тиббӣ беҳтарин дониста шуданд.

Март 4, 2017 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид