Дар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд

Март 20, 2017 11:10

Хабарҳои мавзӯъ

Ирок - Мосул

ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мосул неруҳои ҳавоии Ироқ 6 роҳбари хориҷии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) зимни зарбаҳои ҳавоӣ маҳв карданд. Дар ин бора «АИР Новости» бо истинод ба шабакаи телевизиони «Ас-Сумария» хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти иктишофӣ, миёни роҳбарони маҳвгардида шаҳрванди Россия Абдулкарим ар-Русий бо тахаллуси Абусамир, ки ба ном «Баталйони Тариқа ибни Зиёд»-ро дар ҳайати «Давлати исломӣ» роҳбарӣ мекард, буд. Миёни дигар фармондеҳони кушташуда террористон аз Франсия, Британияи Кабир, Туркия ва Марокаш будаанд.

Чанде пеш иттилоъ расид, ки неруҳои ҳукуматӣ ба марҳилаи ниҳоии амалиёти озоднамоии Мосул аз ҷангиёни ДИ баромаданд. Амалиёт аз моҳи октябри соли 2016 инҷониб бо дастгирии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА идома дорад.

Март 20, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд