Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» семинари омӯзишӣ доир гардид

Март 29, 2017 12:17

РӮДАКӢ, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар доираи лоиҳаҳои «Ташаббускории ҷомеа дар таъмини об ва беҳдошт» ва  «Беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар семинар уҳдадориҳои асосии таъминкунандагони  хизматрасониҳои таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт ба  истеъмолкунандагон фаҳмонида шуда, ба таъминкунандагону истеъмолкунандагон пешниҳод карда шуд, ки  талаботи асосии сифат, бехатарӣ ва эътимоднокии хизматрасониҳоро дар соҳаи мазкур муайян намуда, дар ҳамбастагӣ дастрасӣ ба оби нӯшокии тозаю бехатар ва хизматрасонӣ оид ба беҳдоштро таъмин намоянд.

Март 29, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд