Дар ноҳияи Ёвон озмуну мусобиқаҳои «Беҳтарин навовари ҷавон», «Беҳтарин хонанда» ва «Беҳтарин гӯштингир» доир мешаванд

Март 1, 2017 16:54

ЁВОН, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандории ҷавонон, тақвият додани малакаву маҳорати онҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим, донишандӯзӣ ва ҳунарҷӯӣ миёни насли наврас озмунҳо ва мусобиқаҳои ноҳиявии «Беҳтарин навовари ҷавон», «Беҳтарин хонанда», «Беҳтарин тарроҳи ҷавон», «Беҳтарин тими футбол» ва «Беҳтарин гӯштингир» дар асоси қарори раиси ноҳия эълон гардиданд.
Тавре масъулини ҳукумати ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ғолибони озмунҳо ва мусобиқаҳои мазкур то рӯзи таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муайян гардида, дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ ғолибонро бо дипломҳо ва медалҳо сарфароз мегардонанд.

Март 1, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»