Дар шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон шурӯъ мегарданд

Март 31, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 31.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шурӯъ мегардад. Барои ягона роҳхат ба бозиҳои финалӣ дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Урдун, Баҳрайн, Ироқ, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Филиппин мубориза мебаранд.
Дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Урдун аллакай ба шаҳри Душанбе ҳозир шуданд. Омадани дастаҳои боқимонда ба наздикӣ дар назар аст.
Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд. 3 апрел дар бозиҳои нахустин дастаҳои мунтахаби бонувони Баҳрайн бо Урдун (соати 13:00), Ироқ бо Тоҷикистон (соати 16:00) ва Филиппин бо Амороти Мутаҳидаи Араб (соати 19:00) вориди майдон мешаванд.
Ғолибони 4 гурӯҳ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018, ки дар Урдун мегузаранд, роҳхат мегиранд.
Дастаи мунтахаби бонувони Урдун ба ҳайси мизбони бозиҳои финалӣ аллакай ҳаққи иштирокро дар финал пайдо кардааст ва дар ин бозиҳо берун аз озмун ширкат менамояд. Агар футболбозони ин даста дар Душанбе ғолиби гурӯҳи «А» гарданд, пас соҳиби мақоми дуюм мустақиман ба бозиҳои ниҳоӣ меравад.
Ба ҷуз аз дастаи мунтахабии Урдун (мизбон) се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2014, ки дар Ветнам гузашта буд, дар бозиҳои финалӣ иштирок менамоянд. Инҳо дастаҳои мунтахаби elavilnews.com, Австралия ва Чин мебошанд.
Тақвими бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» шаҳри Душанбе
Даври 1
3 апрел (душанбе)
13:00 Баҳрайн Урдун
16:00 Ироқ ТОҶИКИСТОН
19:00 Филиппин Амороти Мутаҳидаи Араб

Даври 2
5 апрел (чоршанбе)
13:00 Филиппин Ироқ
16:00 Баҳрайн ТОҶИКИСТОН
19:00 Урдун Амороти Мутаҳидаи Араб
Даври 3
7 апрел (ҷумъа)
13:00 Амороти Мутаҳидаи Араб Баҳрайн
16:00 ТОҶИКИСТОН Филиппин
19:00 Урдун Ироқ

Даври 4
10 апрел (душанбе)
13:00 Ироқ Амороти Мутаҳидаи Араб
16:00 ТОҶИКИСТОН Урдун
19:00 Филиппин Баҳрайн

Даври 5
12 апрел (чоршанбе)
13:00 Урдун Филиппин
16:00 Амороти Мутаҳидаи Араб ТОҶИКИСТОН
19:00 Баҳрайн Ироқ

Март 31, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд