Дар шаҳри Норак ҳамоиши «Ободонӣ ва тозагӣ-аз суннатҳои наврӯзӣ» доир гардид

Март 2, 2017 11:39

НОРАК, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак дар атрофи майдони варзишӣ, ки макони баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ интихоб гардидааст, ҳамоиш таҳти унвони «Ободонӣ ва тозагӣ -аз суннатҳои наврӯзӣ» доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъоли неругоҳҳои Нораку Бойғозӣ, муассисаҳои тандурустӣ, шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин бо мақсади ободонию сабзазоркунӣ дар боғи марказӣ зиёда аз 100 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд.

Март 2, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»