Дар шаҳри Ваҳдат озмуни ҷумҳуриявии «Арӯси наврӯзӣ» доир шуд

Март 6, 2017 16:34

ВАҲДАТ, 06.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи маърифати  шаҳри Ваҳдат  бо мақсади тарбияи донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи илмомӯзию худшиносӣ, одоби оиладорӣ, кадбонугиву рӯзгордорӣ ва сайқал додани маҳорати ҳозирҷавобӣ дар Коллечи тиббии шаҳри  Вахдат озмуни ҷумхуриявии «Арӯси наврӯзӣ» доир гардид. Дар ин бора раиси созмони ҷавонони коллеҷ  Саодат Хоҷибоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар озмун донишҷӯдухтарони коллеҷ аз рӯи шартҳо,  намоиши либоси наврӯзӣ, кадбонугӣ,  соҳибхонагӣ ва ҳозирҷавобӣ маҳорати худро нишон доданд. Инчунин онҳо бо намоиш додани либосҳои миллии қадимӣ ва муосир, омода кардани хӯришҳои наврӯзӣ, ҷавоб додан ба саволҳои марбут ба устувории оила ва рӯзгордорӣ ва  аз таърихи ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он байни ҳам саволу ҷавоб  карданд.

Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон мебошад.

Март 6, 2017 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид