Дар Зимбабве бар асари обхезӣ 246 нафар ҳалок шуда, ҳазорон каси дигар бе сарпаноҳ мондаанд

Март 3, 2017 16:32, 134 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Zimba

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Зимбабве бар асари боришоти шадид, ки боиси обхезиҳо гашт, 246 нафар ҳалок шуда, қариб 2000 каси дигар бе сарпаноҳ мондаанд. Дар ин бора «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Вазири ҳукумати маҳаллӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва сохтмони манзилҳои Зимбабве Сэйвиор Кусукувере ҷиҳати расонидани кумак ва ҳалли мушкилоти вазъи сангини осебдидагон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ муроҷиат намуд.
Ҳукумати кишвар боришоти дар ҷануби кишвар бақайдгирифтаро фоҷиаи миллӣ эълон намуд.
Дар Зимбабве давоми солҳои 2016-2017 боришот аз меъёр зиёд шуда, дар натиҷа 85% сарбандҳои об хароб шудаанд.
Интизор меравад, ки боришоти борон то охири моҳи март идома мекунад.
Ба иттилои вазир, бар асари обхезиҳо 2579 хона, 74 мактаб ва 5 муассисаи тиббӣ хароб шудаанд.

Март 3, 2017 16:32, 134 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
Putin-i-ErdoganПутин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид
Afrika-OONБуҳрони гуманитарӣ дар чор кишвари Африқо дар таърихи мавҷудияти СММ калонтарин маҳсуб мешавад
MadagaskarШумораи қурбониёни тундбоди «Энаво» дар Мадагаскар ба 38 нафар расид
Donald-TuskРоҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ваколати Доналд Тускро дар мансаби президенти Шӯрои Аврупо тамдид намуданд
Сирия латакиАртиши Сурия фурудгоҳи ҳарбиро дар шарқи Ҳалаб зери назорат гирифт
afganistanДар Кобул бар асари ҳамлаи ҷангиён ба беморхона беш аз 30 нафар қурбон шуданд