Дастовардҳо аз файзи Истиқлол

Март 22, 2017 08:36

ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло бо истифода аз имконияти мусоид шумораи зиёди ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россия таҳсил мекунанд. Аксари онҳо кӯшиш доранд таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси хуб ба Ватан баргарданд ва дар рушду инкишофи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Дар шаҳри Пензаи Федератсияи Россия зиёда аз 500 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои беҳтарини ин шаҳр таҳсил мекунанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҷавонони  тоҷик дар ҷараёни таҳсилу донишандӯзӣ намунаи ибрат буда, кӯшиш мекунанд ҳар чи бештар  аз  илму дониш баҳраманд бошанд. Шумораи чунин донишҷӯёни пешқадам хеле зиёд аст. Яке аз онҳо Муҳаммад Қодиров мебошад, ки соли сеюм аст дар факултаи  шифобахшии бахши тиббии Донишгоҳи давлатии шаҳри Пенза таҳсил мекунад. Баробари хониши аъло Муҳаммад дар конфронсу фестивалҳои гуногун ширкат мекунад, аз ҷумла аъзои Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷии вилояти Пенза мебошад. Дар баргузор кардани чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ саҳми шоиста дошта, бо ин Тоҷикистони азизро байни донишҷӯён шарафмандона муаррифӣ менамояд. Дигар аз чунин ҳамватанони фаъоли мо Шамшод Бобокалонов аст, ки дар Донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории шаҳри Пенза таҳсили худро идома медиҳад. Иштирокчии форуми умумирусиягии таълими байналхалқии донишҷӯён-«Донишҷӯи Русия-2016» буда, ҳамчунин дар форуми байналмилалии таълимии ҷавонон —«Евразия», ки дар шаҳри Оренбург бо иштироки намояндагони 80 кишвари ҷаҳон баргузор шуда буд, ширкат дошт.  Ӯ дар дигар чорабиниҳои донишгоҳ низ ҳамеша фаъолона иштирок мекунад. Ин аст, ки Шамшод барои таҳсили хуб ва фаъолияти намунавӣ борҳо аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шудааст.

Баробари таҳсили хубу аъло аксарияти донишҷӯёни тоҷик ҳамчун варзишгар шинохта шудаанд ва дар намудҳои гуногуни варзиш Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Масалан муҳассили донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории шаҳр Ҳусниддин Ғафуров,  пайваста дар  мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ оид ба бокс ширкат меварзад ва яке аз парчамбардори Тоҷикистон аст. Ҳусниддин соли 2014 дар мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Новосибирск баргузор гардид, ба гирифтани мақоми аввал мушарраф шуд. Дар мусобиқаи дигари дар Пенза доиршуда  сазовори ҷои ифтихории  3-юм гардид. Бояд зикр кард, ки ӯ номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс мебошад.

Ҷавонони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Пенза таҳсил мекунанд, хеле муттаҳиданд ва кӯшиш мекунанд якҷоя амалҳои некро анҷом диҳанд. Соли равон дар ин бобат барояшон босамар оғоз гардид.  Аёдати собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳои фаннӣ аз ҷумлаи чорабиниҳоеанд, ки дар онҳо донишҷӯёни тоҷик фаъолона иштирок дошанд. Ҳамчунин гурӯҳи алоҳидаи рақсии донишҷӯёни тоҷик амал мекунад, ки дар баргузории  барномаҳои фарҳангӣ иштироку санъати волои тоҷиконро намоиш медиҳад.

Ҳамин тавр дар донишгоҳҳои шаҳри Пенза, ки яке аз шаҳрҳои ободу зебои Федератсияи Россия аст, ҷавонони тоҷик дар таҳсилу донишомӯзӣ  намунаи ибрат буда, кӯшиш мекунанд дар ҳама ҷабҳа Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

 

Сунатулло МУЛЛОҶОНОВ,

донишҷӯи курси аввали
Донишго
ҳи давлатии сохтмон ва меъмории
ша
ҳри Пензаи Федератсияи Россия

Март 22, 2017 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд