Дилшод Раҳимов: «Наврӯз ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оин рабте надорад»

Март 9, 2017 16:16, 168 хонанда
Дилшод Р

«Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст»

Аз суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, 27 марти соли 2010 дар нахустин таҷлили байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Теҳрон

ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2009 иди Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ба мероси башарии фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ дохил карда шуд. 19 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз бо тамоми арзишҳояш эҳё гардида, мақоми байналмилалиро гирифт ва ҷаҳонӣ шуд. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Дилшод Раҳимов, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми филология оид ба таҷлили ҷашни Наврӯз, ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани он, қадимтарин манбаъҳои он  ва нақши Наврӯз дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ҳамсуҳбат шуд.

«Ховар»: Ҷашни Наврӯз таърихи чандасра дорад?

Дилшод Раҳимов: Баъзе муҳаққиқон таърихи Наврӯзро панҷҳазорсола ва баъзе шашҳазорсолаю ҳафтҳазорсола мегӯянд. Албатта, онҳо ба устураву ривоятҳо такя кардаанд ё онҳоро асос гирифтаанд. Аммо ба андешаи ман ҷашни Наврӯз қадимтар аз инҳост. Ин аз ҳамон даврае шурӯъ мешавад, ки инсонҳои ибтидоӣ дар ғорҳо зиндагӣ мекарданд ва зимистонро дар он ҷо мегузарониданд. Вақте ки зимистон поён меёфт ва давраи яхбандӣ ба анҷом мерасид, баҳор шурӯъ мешуд ва рӯзҳо гарм мешуданд. Онҳо хурсанд мешуданд, медиданд, ки дарахтон барг мекунанду гулҳо мешукуфанд. Паррандагону чарандагон ҳама дар фазову табиат сурудхонону нағмакунон суйру гашт мекунанд. Одамони қадим, аз ҷумла ниёгони мо ин манзараҳоро дида, хурсандӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки гармӣ бар сардӣ ғалаба кард, офтоб бар деви зимистон пирӯз шуд. Ҳамин тавр оғози ҷашни Наврӯз аз ҳамон давраҳо сарчашма мегирад, ки шояд 50 ҳазор сол пеш буд. Онҳо ҳар баҳор хурсандӣ мекарданд ва оҳиста-оҳиста он шакли муайяни ҷашнро гирифтааст. Масалан дар сарчашмаҳо гуфта мешавад, ки шоҳ Ҷамшед ин ҷашнро асос гузошт, вале он қадимтар аз давраи ӯ низ будааст ва шоҳ Ҷамшед онро танҳо ба шакли мукаммалтар даровардааст. Агар мо ба таърихи пайдоиши калимаи Наврӯз назар афканем, ҳудуди 1 ҳазору 500 сол пеш ин калимаро дар шакли хаттӣ мебинем. Аммо боз ҳам дар ёдгориҳои тахти Ҷамшед, ки дар шаҳри Шероз мавҷуданд ва дар онҳо тасвирҳое ҷой доранд, ки шоҳони қадимаи эронӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд ва ба Шоҳ аз гӯшаву канори давлати форс ҳар гуна туҳфаву ҳадяҳо меоранд, ки ин ҳам аз хеле қадимӣ будани ҷашни Наврӯз  гувоҳӣ медиҳад.

«Ховар»: Қадимтарин сарчашмаҳои ин ҷашн кадомҳоянд?

Дилшод Раҳимов: Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки қадимтарин манбаи ҷашни  Наврӯз- ин «Авесто» аст, аммо чунин нест, зеро Наврӯз ҷашни табиат ва фарҳангӣ аст. «Авесто», ки  китоби эътиқодӣ ва  динии хоси зардуштиён буд, дар он ҷашнҳои табиату фарҳангӣ ворид нашудаанд.  Қабл аз ҳама роҷеъ ба ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои паҳлавӣ сухан рафтааст. Дар онҳо омадааст, ки рӯзи шашуми моҳи фарвардин, ки рӯзи хурдод ном дорад, Наврӯзи бузург баргузор мешудааст. Калимаи Наврӯз инчунин дар «Бундаҳишн», «Ардавирознома», дар сарчашмаҳои давраи Сосониён «Осор-ул-боқия» ва «Китоб-ут-тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём  ва рисолае, ки оид ба расму оини ҷашнҳои Эрони қадим Мусо ибни Исо ал Кисравӣ, таърихшиноси араб нашр кардааст, омадааст. Инчунин аз устод Рӯдакӣ сар карда, то Фирдавсию Унсурӣ, Манучеҳрию  Фаррухӣ ва дигар шоирони давраҳои Сомониёну Ғазнавиён ва ҳатто дар давраи Салҷуқиёну дигар подшоҳони турктабор васфи ҷашни Наврӯз дар қасидаҳо баён шудааст. Ҳатто ин ҷашн то ибтидои асри 20 давлатию дарборӣ низ будааст. Дар «Ёддошҳо»-и Садриддин Айнӣ  гуфта мешавад, ки: «Амири Бухоро бисёр ҳавасманд буд, то ки чунин ҷашнро барпо кунад. Он ҳафтаҳо давом мекард, паҳлавонон аз атроф меомаданд, бозиҳои гӯштингирӣ, мусобиқоти давидан, пойга ва хурӯсҷангу монанди инҳо барпо мекарданд». Мо метавонем дар асарҳои этнографии нависандагони рус: Михаил Андреев, Бобринский, Палавтсов,  Кисляков ва дигарон тасвири расму оинҳои наврӯзӣ, ҷашни Наврӯз ва суннатҳои онро мутолиа кунем, ки дар онҳо хеле маводи боарзиши таърихӣ ва мардумшиносӣ дарҷ гардидаанд.

«Ховар»: Тафовути таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон то давраи истиқлолият ва баъд аз истиқлолият дар чист?

Дилшод Раҳимов: Олимони тоҷик дар асри 20 бисёр паҳлӯҳои Наврӯзро ошкор кардаанд, аммо ҳанӯз ҳам бисёр суханони ногуфта буданд, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон он бо тамоми арзишҳои суннатию инсонияш эҳё гардид. Фикр мекунам ин орзую армони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки ҷомаи амал пӯшид.

Таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар ба ин ҷашни миллӣ ба хотири он буд, ки ҳар як кишвар ба худ як иди хос дорад. Масалан дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи Инқилоби октябр, револютсия,  ҷашни зафар ва дигар ҷашнҳо бо тантана таҷлил карда мешуданд. Ба ин хотир давлати миллии мо бояд ҷашнҳои хоси миллии худро арҷгузорӣ мекард. Пеш аз ҳама, ҷашни Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои бунёдию фарҳангии мост ва мо мебинем, ки дар тӯли 25 соли истиқлолият рӯз ба рӯзу сол ба сол шукӯҳи он афзунтар мешавад. Тавре мо аз сарчашмаҳои расмӣ огаҳӣ дорем, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбатҳое, ки бо Котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид доштанд, дар хусуси ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шудани ҷашни Наврӯз суҳбат мекарданд. Ниҳоят ба тариқи расмӣ соли 2010 аз тарафи як гурӯҳ кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки дар садри он Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад,  пешниҳоди расмӣ шуд ва Созмони Милали Мутаҳид Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.

«Ховар»: Дар омода намудани номинатсияи Наврӯз чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд ва кадом кишварҳо узви он мебошанд?

Дилшод Раҳимов: Яке аз зерсохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид- Созмони фарҳангию илмии ЮНЕСКО, ки феҳристҳои гуногуни фарҳангӣ дорад ва яке аз онҳо Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият мебошад, соли 2009 Наврӯзро ҳамчун ҷашни  ҷаҳонӣ, ки намунаи олии фарҳанги ғайримоддӣ мебошад, ба феҳристи худ ворид кард. Дар пешниҳод ва омода кардани ҳуҷҷатҳои он олимони кишварҳои гуногун, аз ҷумла олимони тоҷик низ иштирок доштанд. Бо сабаби он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 узви Конвенсия шуд, дар ин ҳуҷҷат номи он дар қатори дигар кишварҳо сабт нашуд.   Соли 2015 дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи васеи омода намудани номинатсияи Наврӯз баргузор гардид, ки дар он ҷо аз ҷониби Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ, Котиби масъули кор бо ЮНЕСКО-и Тоҷикистон ва камина ҳамчун мутахассису муҳаққиқи Наврӯз  иштирок кардем. Дар муддати чор рӯз мо дар он ҷо бо коршиносон аз 12 кишвар ҳуҷҷати ниҳоии онро омода сохтем. Коргардонҳо филмеро омода намуданд, ки мо онро тамошо карда, баъзе лаҳзаҳоро дар бораи Тоҷикистон ба он ворид кардем. Инчунин якчанд аксҳое, ки хоси Тоҷикистон буданду мо бурда будем, ба ҳуҷҷатҳои парвандаи Наврӯз шомил карда шуданд. Ҳоло 12 кишвари дунё: ҷумҳуриҳои Исломии Эрон ва Афғонистону Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Ироқ ва Ҳиндустон узви номинатсияи Наврӯз мебошанд. Ниҳоят 30 ноябри соли 2016 дар шаҳри Адис Абебаи Эфиопия ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор гардид ва дар он номинатсияи Наврӯз дар шакли мукаммал таҷдид шуда, аз номи кишварҳои мазкур сабт шуд. Дар ҷаласаи мазкур, ки аз ҷониби Тоҷикистон оши палав ҳамчун хӯроки миллӣ пешниҳод шуда буд, сабти ном шуд.

«Ховар»: Сабаби дастгирӣ аз пешниҳод оид ба ҷашни ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар чӣ буд?

Дилшод Раҳимов: Яке аз сабабҳои зуд истиқбол шудани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисон ва комиссияҳои ЮНЕСКО-ю Созмони Милали Муттаҳид дар он аст, ки ин ҷашн воқеан ҳам ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оине рабт надорад, зеро дар айёми Наврӯз ҳама бо ҳамдигар, новобаста аз миллат, забон, дин, нажод ва маҳал хурсандӣ карда, гирди дастурхони наврӯзӣ мешинанд. Аҷдодони мо мегуфтанд, ки дар рӯзи таҷлили ин ҷашн бояд дилҳо аз кинаю кудурат пок бошанд, бо миёнравии шахсони муваффақ ва мӯйсафедони табаррук қаҳриҳо бо ҳам оштӣ мекарданд, ҳама гуна муноқишаю низоъҳоро ба сулҳ меоварданд. Онҳо андеша доштанд, ки агар касе дар соли нав бо ҳам қаҳрӣ ва ё ҷангӣ бошад, ҳатман дар корҳои онҳо як навъ мушкилот пеш меояд. Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз аҷдодони мо, тоҷикон дар дастурхони идонаи худ маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширбиринҷ, шир, шакар ва ҷурғот мегузоштанд, ки ин онҳо сафедиянд ва барои онҳо сафедӣ рамзи муқаддас ба шумор мерафт.

Азбаки Наврӯз ҷашни сулҳофар ва ҷашни ваҳдату дӯстӣ аст, хусусияти  пастзании обрӯю эътибори ягон гурӯҳ, шахс ё қавму қабиларо надорад, ҷашнест, ки дар поёни ҳодисаҳои таърихӣ ё ин ки ҷангу шӯришҳо ба вуҷуд наомадааст ва асоси он ҳодисаи баробаршавии шабу рӯз дар табиат мебошад, бо ин сабаб ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Ин ҷашн дар омад-омади худ як пайки хосеро дорост, зеро дар ин рӯзҳо ҳама либосҳои нав ба бар мекунанд, гулдухтарон либосҳои атласу чакан ба бар мекунанд ва модарон ба тайёр кардани суманаки наврӯзӣ омодагӣ мегиранд, деҳқонон  ба кишту кор оғоз мекунанд.

«Ховар»: Дар арафаи ин ҷашни миллӣ шумо  кадом кори эҷодиро анҷом доданиед?

Дилшод Раҳимов: Ман солҳои пеш якчанд мақолаҳо таълиф карда будам ва дар баъзе китобҳоям роҷеъ ба Наврӯз фаслҳои махсус буданд. Ҳамаи он мақолаҳоро аз нав бо такмилу иловаҳо ва мақолаҳои нав дар шакли рисолаи илмӣ бо номи «Наврӯз ва Меҳргон» тайёр намудам, ки  омодаи нашр аст.

Китоби мазкур оид ба расму оинҳои миллати тоҷик муфассал нақл мекунад. Фикр мекунам, ки ин аз ҷониби камина ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон армуғон хоҳад буд.

                                                                                              Шукӯҳи ДАЛЕР

Март 9, 2017 16:16, 168 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ ва Шукӯҳи ДАЛЕР, хабарнигори АМИТ «Ховар»Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ: «Тоҷикистон табиати биҳиштосо дорад»
Навруз муборак!Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
Тағоймурод ГуловТағоймурод Гулов: «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор дар соҳаи об эътироф гардидааст»
Нурали НурзодНуралӣ Нурзод: «Наврӯз ҷашни офариниш, таваллуди инсон ва паёми зиндагисози ворисони он ба ҷаҳониён аст»
Таманно15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо. Агар ҳуқуқатро донӣ, дар зиндагӣ дарнамемонӣ!
14 март рӯзи байналмилалии дарё Дар Тоҷкистон зиёда аз 25 ҳазор дарё мавҷуд аст114 март-Рӯзи байналмилалии дарё. Оби ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ошомиданӣ эътироф гардидааст
Барнома-ВИЧ ДилшодҲадафи асосии лоиҳаи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020» пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО (ВИЧ/ СПИД) мебошад
Саидов-1 (6)Абдусаттор Саидов: «Гирифтани ҷоиза ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти баланд аст»
Олим Салимзода ва Шукухи ДалерОлим Салимзода: «Қонуни асосӣ барои аҳли қалам-дили пок, нияти холис ва қалами беғараз мебошад»
Зиннатулло Исмоил11 март аз нашри нахустин шумораи «Бухорои шариф» 105 сол сипарӣ мегардад. Суҳбат бо раиси ИЖТ З. Исмоилзода атрофи ин ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба Рӯзи матбуоти тоҷик
ТВ Бахористон-15 март- Рӯзи байналмилалии телевизиони бачагона. Даҳ сол пеш дар Тоҷикистон аввалин бор шабакаи телевизиони «Баҳористон» ифтитоҳ ёфта буд
Барои мусохибаи Парвиз Норов (1)ТВ «Варзиш» яксола шуд! Мақсади асосии ташкили телевизиони «Варзиш»-тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим