«Душанбе-оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик»: озмуни мақолаи беҳтарин

Март 3, 2017 16:30

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Соли ҷавонон, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, дӯстиву якдилӣ, муҳаббату ҳамбастагӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, ифтихор аз сокини пойтахт будан, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият ва ба ин васила муаррифии дастовардҳои ҷавонони соҳибистеъдод Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Душанбе-оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик» озмуни мақолаи беҳтарин эълон мекунад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмун ҷавонони 14-30-сола иштирок карда, вобаста ба мавзӯъ ва инъикоси дастовардҳои даврони истиқлолият, муҳимияти сулҳу ваҳдат, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳадафҳои эълони Соли ҷавонон метавонанд маводи худро пешниҳод намоянд.
Озмун дар се зина-миёни кормандони ташкилоту корхонаҳо, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, рӯзноманигорон, адибон, олимону муҳаққиқони ҷавон; миёни донишҷӯёну устодон, муассисаҳои таҳсилоти касбиву олӣ ва миёни омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май натиҷагирӣ карда мешавад.

Март 3, 2017 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад