Эмомалӣ Раҳмон: «Исфара яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат ва гӯшаи зебоманзараи Тоҷикистон мебошад»

Март 24, 2017 12:01

ДУШАНБЕ, 24.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Исфара яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат ва гӯшаи зебоманзараи Тоҷикистони азизамон буда, бо деҳқонони асил ва мардуми заҳматдӯст, инчунин, боду ҳавои хушу гуворо, боғҳои шаҳдрез ва меъмории ба худ хосаш шуҳрат дорад. Ин суханонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии худ дар рафти шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастоварду пешравиҳои мардуми шаҳри Исфара баён намуданд.
Пешвои миллат инчунин иброз доштанд: «Исфара яке аз шаҳрҳои калонтарини кишвари мо буда, бо донишмандону олимон, шоирону нависандагон, табибон ва хунёгарони машҳури худ Сайфи Исфарангӣ, Мушриф ва Беҳҷати Исфарангӣ, Зебопарӣ ва Умар Ҳофиз, Лутфулло Бузургзода ва дигарон дар ҳақиқат шуҳратёр мебошад».

Март 24, 2017 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд