Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст»

Март 22, 2017 09:48

ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат зикр карданд, ки «Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо  тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона — дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».
Пешвои миллат Наврӯзро ҳамчун ҷашни зодрӯзи Хуршеди ховарон ва  ойини сулҳу оромӣ, ҳамкориву дӯстӣ ёдоварӣ намуда, чунин гуфтанд: «Дар шароити торафт мураккабу буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад».

Март 22, 2017 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид