«Фарзандони азиз, вазифаи шумо илму дониш омӯхтан аст», «Фарҳанги сарварӣ ва таъсири он ба кор» — шарҳи матбуот

Март 30, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи равон дар саҳифаҳои матбуот ҷараёни таҷлили бошаҳомати Наврӯзи хуҷастапай дар саросари мамлакат инъикос гардид. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (25.03.2017,№63-64) аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои наврӯзӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба вилояти Суғд ташриф оварда буданд, гузоришҳои муфассал чоп кардааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкури нашрия матни суханрониҳои Сарвари давлат дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара пешкаши хонандагон шудааст. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, бо муроҷиат ба хонандагони ин муассисаи таълимӣ таъкид намуданд: «Фарзандони азиз, вазифаи шумо илму дониш омӯхтан аст». Дар баробари ҳамин Президенти мамлакат дар барномаҳои наврӯзии шаҳри Исфара, оғози фаъолияти ҶДММ «Баракат Исфара», ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ иштирок намуда, бо рафти корҳои навсозӣ дар осоишгоҳи «Зумрад» шинос шуданд. Оғози кишти пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳун, машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва ифтитоҳи иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилали Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият» бо аксҳо инъикос гардидаанд.

Шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (28.03.2017,№ 65) аз мулоқоти Сарвари давлат бо ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филлип Беннетт ва роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова хабари расмӣ нашр карда, барқияи табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен «дар иртибот ба фарорасии биступанҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия» ва барқияи табрикии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Белленро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон намудааст. Дар барқияи табрикии Пешвои миллат омадааст: «Мо ба ояндаи неки робитаҳои гуногунҷабҳа байни Тоҷикистон ва Австрия итминон дорем ва изҳори умедворӣ менамоем, ки ҳамкории судманди кишварҳои мо дар минбаъда низ идомаи босамар хоҳанд ёфт».

Мақолаҳои «Қиссаи як ҳақиқат», «Журналистика ва публитсистикашиносӣ», «Шикори ғайриқонунӣ», ҳамчунин хабарҳои ҷолиб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (29.03.2017,№66) манзури хонандагон шудааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (28.03.2017,№33) тантанаҳои ҷашни Наврӯзро дар вилояти Суғд бо ҳузури Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос карда, аз ҷараёни муҳокимаи парламентӣ, ки 17 марти соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, баргузор шудааст, гузориш пешниҳоди хонандагон намудааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (30.03.2017,№13) мусоҳиба бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро таҳти сарлавҳаи «Одоби варзишгар аз медали тиллои олимпӣ гаронарзиш аст» чоп кардааст. Мусоҳиб зикр кардааст, ки «Варзишгар бояд ҳам ҷисман пурқувват бошаду ҳам рӯҳан обутобёфта. Варзишгар бояд дарк намояд, ки ӯро ҳамчун намояндаи миллат муарифӣ менамоянд ва ба ӯ тамоми дунё чашм меандозад. Дар симои ӯ фарҳангу маърифати миллаташро баҳо медиҳанд». Ҳамчунин дар ин маводи матбуотӣ қарори гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рафтори ғайриодобонаи Комроншоҳ Устопириён ва маҳрум намудани ин варзишгар аз иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ оварда шудааст.

Нашрияи «Тоҷикистон» (29.03.2017,№13) мақолаи таҳлилии Раҳим Каримов, декани факултети Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифаро бо сарлавҳаи «ДИИШ қотили мусалмонҳо ва душмани ислом аст» чоп кардааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Бигузор мардум огоҳ бошанд, он корҳое, ки дар Ироқу Сурия, Либияву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надоранд. Он суханҳое, ки аз ҷониби бадхоҳон нисбат ба вазъи дин дар Тоҷикистон садо медиҳанд, кӯшиши навине баҳри эҷоди тафриқа дар Ватани азизамон аст».

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» (29.03.2017,№13) мақолаи таҳлилии Ҳуриннисо Ализодаро бо сарлавҳаи «Фарҳанги сарварӣ ва таъсири он ба кор» чоп кардааст. Муаллиф таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: «Роҳбарӣ ин дағаливу таҳқир ва пастзании зердасту рӯҳафтодаву дилшикаста кардани корманд нест» меҳвари мақола намуда, оид ба санъат ва нозукиҳои роҳбарӣ андешаҳои худро баён кардааст. Маводи матбуотии «Муҳоҷират бояд манфиатовар бошад», «Тоҷикони Люблино», «Марҳалаи нави рушд», «18,19,12 – кӣ меравад?», «Ҳаким Фузайлов: Бохтан аламовар аст» аз ҷониби хонандагони нашрияи «Минбари халқ» хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Март 30, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд